Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори муҳоҷирон дар Русия ду баробар камтар шудааст


Муҳоҷирони узбекистонӣ дар шаҳри Волжский
Муҳоҷирони узбекистонӣ дар шаҳри Волжский

Вазорати корҳои дохилии Русия гуфтааст, дар қиёс бо соли гузашта имсол ду баробар камтар шаҳрвандони хориҷиро ба қайди муҳоҷиратӣ гирифтааст. То аввали моҳи декабр шумораи ин муҳоҷирон ҳудуди 6 миллион нафарро ташкил додааст, дар ҳоле ки ҳамасола ин нишондод 9 то 11 миллион нафар буд. Биноан дар ин муддат дарёфти патент аз ҷониби муҳоҷирони корӣ низ кам шудааст. Ба қавли вазорат, айни замон ҳудуди миллион нафар соҳиби ҳақи муваққативу доимии зист мебошанд. Ҳафтаи гузашта палатаи савдо ва саноати Русия пешниҳод кард, ки барои вуруди мутахассисон ва оилаҳои онҳо сабукӣ дода шавад. Ҳамчунин Вазорати сохтмон ва хадамоти коммуналии Русия хоҳони сабук кардани вуруди муҳоҷирони сохтмончӣ ба Русия гардид.

XS
SM
MD
LG