Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури нави шаҳрдори Хуҷанд: ба ангишт гузаред


Кони ангишли Шӯроб дар Исфара
Кони ангишли Шӯроб дар Исфара

Шаҳрдории Хуҷанд дастур додааст, ки сокинони хонаҳои заминӣ барои хӯрокпазӣ ва гарм кардани манзилҳояшон на аз дастгоҳҳои барқӣ, балки ангишту ҳезум истифода баранд. Дар ин бора оҷонсии “Азия Плюс” аз қавли сухангӯи шаҳрдорӣ Маъмури Юсуфзод хабар дода гуфтааст, ки масъулин уҳдадор шудаанд, ки бо мардум дар ин замина сӯҳбатҳо бикунанд. Мақомот гуфтаанд, ки дар сурати сарфакорона истифода нашудани барқ эҳтимол дорад, ки дастгоҳҳои барқтаъминкунии Хуҷанд бо мушкилоти фаннӣ рӯбарӯ шаванд. Дастури шаҳрдории Хуҷанд дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба ҳангоми ба истифода додани бинои таъмиршудаи Кохи Ваҳдат дар Душанбе, ба мавзӯи таъмини аҳолӣ бо барқ дахл кард. Ӯ гуфт, бо назардошти афзоиши талабот ба қувваи барқ бояд дар кишвар аз масрафи зиёдатии неру, истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти худсохту сермасраф ҷилавгирӣ шавад.

Бояд гуфт, дар чанд ҳафтаи ахир, замоне ки дар саросари ҷумҳурӣ таъминоти барқ муназзам набуд, сокинони баландошёнаҳо низ барои рӯзгузаронии худ дар манзилҳояшон печҳои бобоӣ гузаронида ҳатто ҳезум ва дигар анвои сӯхтро захира кардаанд. Ширкати Барқи Тоҷик ваъда дод, ки аз 10-уми декабри имсол дар кишвар барқкушӣ намешавад, вале сокинон ҳам бояд барқро сарфакарона истифода намоянд.

XS
SM
MD
LG