Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хатлон аз камии пул дар бонкҳо шикоят мекунанд


Ин аксро аз як шуъбаи "Амонатбонк" аз вилояти Хатлон фиристоданд.
Ин аксро аз як шуъбаи "Амонатбонк" аз вилояти Хатлон фиристоданд.

Гуруҳе аз сокинони вилояти Хатлон мегӯянд, тақрибан як моҳ аст банкомат ва хазинаҳои бонкҳои минтақа пули кофӣ надоранд ва мардум наметавонад музди кору пасандоз ва ё пулҳои фиристодаи фарзандонашонро саривақт бигиранд.

Бонкҳо сабаби пули кам дар хазинаҳояшонро дар кори Бонки миллӣ медонанд, Бонки миллӣ мегӯяд, дархости бонкҳоеро, ки барои пули нақд саривақт муроҷиат мекунанд, қонеъ месозад.

Муҳаммад Мусавӣ сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, барои гирифтани пуле, ки аз хориҷ ба ӯ фиристодаанд, дy рӯз саргардон шуд. Ӯ рӯзи 9-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мо барои гирифтани 3 ҳазор сомонӣ ду рӯз ба бонк рафтем. Ин мушкил то ҳол идома дорад.”

Мусавӣ афзуд, барои гирифтани пул ба чанд бонк аз ҷумла “Ориёнбонк” рафтааст ва дар аксари шуъбаҳои бонку банкоматҳои шаҳри Кӯлоб мардум соатҳо барои гирифтани пул навбат мепоянд. Муҳаммад Мусавӣ барои собит кардани гуфтаҳояш чанд аксе ба Радиои Озодӣ фиристод, ки дар онҳо навбатҳои хурду бузург дар назди бонкҳо дида мешавад.

Сафаралӣ Бобоев, шуъбаи “Ориёнбонк” дар шаҳри Кӯлоб рӯзи 10-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар назди банкоматҳо навбат буд, аммо ин ба маъное нест, ки дар банкомат пул нест. Ӯ гуфт: “Як ду рӯз шуд, тақрибан 10 нафарӣ дар назди банкоматҳо навбатпоӣ ба вуҷуд меояд. Баъзе нафарон ҳамин навбатро аз дур навор гирифта, овоза кардаанд, ки дар “Ориёнбонк” пул нест! Пул ҳаст! Банкоматҳои “Ориёнбонк” доим пул доранд. Мардум бе мамониат пулҳои худро мегиранд.”

Аммо Муҳаммад Мусавӣ гуфт, кормандони ”Ориёнбонк” ба онҳо гуфтаанд, ки мушкил на дар кори онҳо, балки Бонки миллӣ аст, ки бонкҳоро ба қадри кофӣ бо пули нақд таъмин намекунад. Мусавӣ афзуд: “Дар “Ориёнбанк” ба мо гуфтанд, ки Бонки миллӣ пул нафиристодааст. Мегӯянд, Бонки миллӣ ҳамон қадар пуле медиҳад, ки то нисфирӯз ҳам намерасад ва тамом мешавад”.

Бонки миллӣ иддаои бонкҳои тиҷоратиро рад мекунад ва мегӯяд, бонкҳое, ки барои гирифтани пули нақд муроҷиат карданд, саривақт онро мегиранд. Дар дафтари матуботи Бонки миллӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “Бонки миллӣ ҳама бонкҳоро мувофиқи дархосташон бо пули нақд таъмин мекунад”.

Айни вазъ дар дигар гӯшаҳои Хатлон

Кӯлоб танҳо шаҳре нест, ки сокинон аз камбуди пул дар бонкҳо шикоят мекунанд. Аз ноҳияи Восеъ ва шаҳри Бохтар маркази вилояти Хатлон низ аз корбарон ба Радиои Озодӣ айни шикоят расид.

Аҳмад сокини шаҳри Бохтар гуфт, аз Русия тақрибан 18 ҳазор рубл фиристоданд, ки ӯ барои табобати фарзандонаш ниёз дошт. Аммо ба гуфтаи ӯ, саривақт пулро гирифта натавонист. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Завҷаи ман чанд корти бонкӣ дорад, “Корти миллӣ”, “Корти Спитаменбонк”, “Душанбе сити”. Дар корт пул гузаштааст, аммо чанд бонк рафтем, банкоматҳо пул надоранд. Боз ҳам бо ҳуҷҷат ба хазина бояд муроҷиат кунӣ, пулро медиҳанд.”

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, гуфт дар чанд бонк навбатпоиҳои тӯлониро шоҳид шуд, ки дар он аз 1000 сомонӣ бештар ба муштариён надоданд: “Ман ба ин шарт розӣ нашудам ва баъдан рафта аз Спитаменбонк маблағамро гирифтам. Соли нав наздик, фарзандам дар бемористон аст, ба пул ниёз дорем. Ин кори бонкҳо хеле мушкилиҳо пеш овард. Калонҳо бояд чораи инро бинанд, мардум сарсон аст!”

Камбуди асъори нақд дар бонкҳо хусусан барои пардохти пулҳои интиқолӣ дар ҳолест, ки расо як сол қабл Бонки миллӣ бо таъсиси як маркази ягона раванди интиқоли пул аз хориҷа ба кишварро пурра зери назорати худ даровард. То ин тағйирот дар интиқоли пул аз хориҷа ба кишвар тавассути бонкҳо хеле кам мушкил сар мезад.

Сотим Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, Бонки миллӣ бо баҳонаи амнияти иқтисодӣ ва бехатарии бонкҳо интиқоли пулро аз хориҷа пурра тавассути як марказ ба роҳ монд ва натиҷаҳои ин ислоҳот акнун аз худ дарак медиҳад. Ӯ афзуд: “Вақте ҳама чиз вобастаи як марказ мешавад, албатта чунин мушкилот пеш меояд. Ҳама бонкҳои дигар мунтазир мемонанд, ки кай аз Бонки миллӣ, ки акнун ҳама пулҳои интиқолӣ тавассути маркази ягонаи он мегузарад, ба онҳо пули нақд медиҳад. Дар чунин ҳолат албатта, таъхир дар пардохт ва камбуди асъор дар бонкҳо рӯ мезанад.”

Аз таъсиси маркази ягонаи интиқоли пул дар назди Бонки миллӣ як сол сипарӣ шуд, вале ба он танҳо танҳо системаи “Контакт”, “Вестерн Юнион” ва “Юнистрим” пайваст шуданд. Боқӣ низомҳои интиқоли пул, ки қаблан дар Тоҷикистон буданд ба ин марказ напайвастанд. Маъмурияти Бонки миллӣ мегӯяд, дар сурати пеш омадани мушкил дар дарёфти маблағ аз бонкҳо муштариён бояд ба Идораи ҳуқуқи истеъмолкунадагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллӣ муроҷиат кунанд.

XS
SM
MD
LG