Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон дар 6 моҳ ба Тоҷикистон 999 миллион доллар фиристодаанд


Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шаш моҳи аввали имсол муҳоҷирон ба Тоҷикистон 195 миллион доллар камтар пул интиқол додаанд, ки нисбат ба соли гузашта 14,8 дарсад камтар аст.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси Бонки миллӣ 22-юми июл дар нишастӣ матбуотӣ гуфт, дар ин шаш моҳ муҳоҷирони корӣ ба кишвар 999 миллион доллар интиқол доданд. Тоҷикистон яке аз он кишварҳои дунёст, ки иқтисодаш сахт пойбанди пули муҳоҷиронӣ корӣ мебошад. Тақрибан як миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон дар Русия кору иқомат мекунанд.

Раиси Бонки миллӣ афзуд, ки вазъи интиқоли пул дар моҳи июн беҳтар шуда ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли қабли 0,7 дарсад пул зиёд ворид шудааст. Муҳоҷирони тоҷик соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 2 миллиарду 576 миллион доллар фиристода буданд, ки ба 33 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар аст.

Бонки Ҷаҳонӣ охири моҳи апрел дар гузорише коҳиши рекордии маблағҳои интиқолии муҳоҷиронро дар ҷаҳон пешбинӣ карда буд. Бино ба баҳогузории ин ниҳоди байнулмилалии молӣ, кам шудани маблағҳои интиқолӣ ба кам шудани маош ва корёбии муҳоҷирон рабт дорад, ки дар соли 2020, бист дарсадро дар бар мегирад.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ моҳи апрели имсол дар номае ба Сандуқи Байнулмилалии Пул кам шудани интиқоли пули муҳоҷиронро эътироф кардааст. Ӯ гуфта, ки интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи март ва нимаи аввали апрел 50 дарсад ё 80 миллион доллар коҳиш ёфт.

Дар нома гуфта шудааст, кам шудани интиқоли пули муҳоҷирон, мумкин аст, чанд моҳ давом кунад ва ин ба коҳиши сатҳи истеъмол ва афзоиши бекорию таъсир ба бозори асъор оварда расонад.

XS
SM
MD
LG