Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Об кам шуд: Қирғизистон аз Қазоқистон барқ мехарад


Обанбори Токтогул
Обанбори Токтогул

Ҳаҷми об дар обанбори Токтогули Қирғизистон айни замон 13,7 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад. Як сол пеш дар ҳамин рӯз 16,2 миллиард метри мукаабро ташкил медод.

Дар ин бора ширкати "Пойгоҳҳои барқӣ"-и Қирғизистон хабар додааст.

Ба иттилои ширкат, ҳанӯз дар оғози соли 2020 дар обанбори Токтогул 14,9 млрд метри мукааб об мавҷуд буд, ки он нисбат ба нишондоди як сол қабл 1,8 млрд метр камтар буд.

Ба ин тартиб, ширкати "Пойгоҳҳои барқӣ"-и Қирғизистон бо ширкатҳои қазоқистонӣ дар бораи воридоти то 500 млн киловатт соат барқ бо арзиши 2,4 сент барои ҳар киловатт дар моҳҳои ноябр-декабр шартнома бастааст.

"Ҳангоми гуфтугӯҳо барои воридоти барқ ба Қирғизистон ҷониби Тоҷикистон ҳар киловатт соат нерӯи барқро 3 сент пешниҳод кард. Ҷониби Қазоқистон барои ҳар киловатт 2,5 сент хост. Ҷониби Қазоқистон ба Узбекистон ҳам бо ин қимат барқ мефурӯшад", - хабар додааст ширкати "Пойгоҳҳои барқӣ"-и Қирғизистон.

XS
SM
MD
LG