Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи тоҷикро дар Русия бистарӣ кардаанд


Шуҳрат Қудратов, вакили дифоъ
Шуҳрат Қудратов, вакили дифоъ

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи тоҷик, бо нишонаҳои гирифторӣ ба бемории коронавируси нав дар як шифохонаи Маскав бистарӣ шудааст. Ӯ тақрибан чаҳор сол дар Тоҷикистон зиндонӣ буд ва пас аз озодӣ барои кор ба Русия рафт.

Қудратов 22-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта пас аз мушкил шудани нафаскашиаш ва то 40 дараҷа боло рафтани ҳарорати бадан ба беморхона интиқол ёфтааст. Ӯ гуфт, ки пас аз муоинаи пизишкон андаке саломатиаш беҳ шудааст.

"Рузи 6-уми ноябр табам баланд шуд ва нафаскашӣ мушкил гардид. Пизишкон гуфтанд, дучори COVID-19 шудаам", -- гуфт Қудратов.

Шӯҳрат Қудратов дар моҳи июни имсол ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "баъд аз раҳоӣ аз маҳбас зери фишори мақомот қарор гирифт ва ночор кишварро тарк кард." Вай ба Русия рафт ва пас аз дарёфти ҳаққи адвокатӣ дар ин кишвар ба фаъолият идома дод.

Дар моҳи июли соли равон Шӯҳрат Қудратов, аз фаъоли ҷомеъа Қадам Исматов ҳимоят кард. Исматов пас аз боздошташ дар Русия хатари истирдод ба Тоҷикистон таҳдид мекард. Аммо бинобар бардурӯғ будани маълумоти пулиси Саратов нисбати номбурда дар зинаи аввали додгоҳӣ пирӯз шудаанд.

Мақомот Шӯҳрат Қудратовро соли 2014 бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир карданд. Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи январи соли 2015 ӯро ба нӯҳ соли зиндон маҳкум кард, вале баъдан Додгоҳи олӣ ҳукмро тағйир дод ва то 3 солу 8 моҳ поин овард.

Бисёре аз ҳомиёни ҳуқуқ ва тарафдоронаш он замон аз амалкардҳои ҳукумат интиқод карданд, ки Шуҳрат Қудратовро барои дигарандешиаш ба зиндон андохтаанд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ва аз ҷумла Порлумони Аврупо ҳам аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Шуҳрат Қудратовро аз зиндон озод кунад.

Шӯҳрат Қудратов, рӯзи 23-юми августи соли 2018 пас аз поёни мӯҳлати адои ҷазо аз зиндон озод шуд.

Шӯҳрат Қудратов аз ҷумлаи вакилони дифоест, ки дар қазияҳои пурсарусадо, ба мисли қазияи Зайд Саидов, Ёқуб Салимов, Диловаршо Қосимов ва Ҷӯрабек Охунов, аз ҳуқуқи онҳо дар додгоҳ ҳимоят кардааст.

XS
SM
MD
LG