Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Маскав ба баррасии дубораи парвандаи қатли Ҳувайдо Тиллозода оғоз мекунад


Баррасии парвандаи додгоҳии қатли духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 20-уми ноябр дубора аз сар гирифта мешавад. Қатли ин ноболиғи тоҷик ҳудуди дувуним сол қабл дар яке аз шаҳрҳои атрофи Маскав рух дод ва сару садоҳои зиёдеро ба миён овард.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 16-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Додгоҳи вилояти Маскав хонаводаи онҳоро дар мавриди азсаргирии мурофиаи додгоҳӣ огоҳ кардааст. "Натиҷаи муолиҷаи Александр Сёмин хуб баромадааст ва мо аллакай ҳуҷҷатҳои ӯро аз табибони шаҳри Смоленск дастрас кардем",-афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, бинобар он, ки вазъи саломатии гумонбар дар қатли духтараш Александр Сёмин хуб арзёбӣ мешавад, ӯ дар мурофиа иштирок хоҳад кард.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳам мурофиаро зери назорат гирифтааст, то он одилона баррасӣ шавад.

Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд.

Баъдан ташхис нишон дод, ки духтарчаро нахуст таҷовуз карда, сипс куштаанд. Гумонбари аслии ҷинояти мудҳиш ҳамсояи 30-солаи оилаи муҳоҷирони тоҷик Александр Сёмин аст, ки баъди чанд моҳи боздошт дар шифохонаи бемориҳои рӯҳии шаҳри Смоленск бистарӣ шуд. Баъдан хабар расид, ки Сёмин ҳеҷ бемории руҳӣ надоштааст.

Аз он замон то кунун, дар поёни ҳар шаш моҳи баъди муолиҷа комиссияи тиббӣ мӯҳлати табобати ӯро тамдид карда мегуфтанд, ки то замони муолиҷаи пурра, ин шахс барои посух додан ба саволҳои тафтишот омода нест. Сёмин бо қарори додгоҳи вилояти Маскав барои муолиҷаи вижа ҷой дода шуда буд.

Қазияи қатли Ҳувайдо Тиллозода аз пурсарусадотарин қазияҳо дар чанд соли гузашта буд. Ин фоҷиа муҳоҷирони тоҷик ва ҷомеаи Русияро такон дод ва ҷониби Тоҷикистон низ бо ирсоли нота аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи ин қазияро хост. Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия гуфта буд, ки дар мавриди ҷазо гирифтани қотили кӯдаки 5-солаи тоҷик дар Серпухово шакке нест.

XS
SM
MD
LG