Як сокини 23-солаи ҷамоати "Доғистон"-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои шикори ҳайвони нодири бузи морхур боздошт шудааст. Мақомот гуфтанд, ин ҷавон бе иҷозатнома ҳайвони нодирро шикор карда, пусти онро ҷудо кардааст. Бузи морхур қимматтарин ҳайвон дар Тоҷикистон буда, арзиши шикори он 223 ҳазор сомонӣ ё бештар аз 22 ҳазор доллар аст.
Мақомоти умури дохилаи Шамсиддин Шоҳин гуфтанд, таҳқиқи қазияи шикори ғайриқонунии Сомон Шеров дар баррасӣ аст.
Ҷамолбӣ Замонова, раиси ҷамоати "Доғистон"-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шуробод) рӯзи 16-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, Сомон Шеров феълан дар Шуъбаи умури дохилаи ноҳия дар боздошт мебошад.
Ба гуфтаи хонум Замонова, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ин нахустин ҳодисаи шикори ғайриқонунии бузи морхур мебошад.
Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҳам рӯзи 15-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, пас аз огоҳи ёфтан аз ин ҳодиса ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сафар карда, ба ҳодиса ошно шудааст.
Вай гуфт, сокини ин ноҳия воқеан ғайриқонунӣ ҳайвони нодирро шикор кардааст ва "масъала дар доираи қонун баррасӣ шуда истодааст."
Наздикони Сомон Шеров гуфтанд, дар бораи қазия зиёд маълумот надоранд.
Шерхон, падари Сомон Шеров ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамин қадар медонад, ки милисаҳо писарашро бурдаанд ва аз ин зиёд маълумот надорад. "10 рӯз мешавад, ки ӯро надидем,"-гуфт падари Сомон.
Падари муттаҳам ба шикори ҷонвари нодир гуфт, писараш духтури дандон аст.
Анҷумани муҳофизони табиати Тоҷикистон навори лаҳзаи боздошти як сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро ҳангоми шикори бузи Морхур нашр кардааст.
Шикори ин ҷонвари нодир аз 29 ҳазор то 58 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз се то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Бузи морхур ҳайвони нодир буда, номаш дар китоби сурхи Тоҷикистон сабт шудааст. Мавсими шикори он аз 1-уми сентябр шурӯъ шуда, то баҳори соли оянда давом мекунад. Мақомот ҳамасола барои шикори бузи морхур квота ҷудо мекунад, ки арзиши як адади он 223 ҳазор сомонӣ аст. Се сол қабл Тоҷикистон иҷозаи шикори ҳафт морхӯрро дода буд, ки онҳоро шаҳрвандони Амрико харидорӣ кардаанд.
Морхур нодиртарин ҳайвон аст, ки танҳо дар Тоҷикистону Покистон ба сар мебарад. Он дар мавзеъҳое умр ба сар мебарад, ки на ҳар шикорчӣ барои расидан ба он имкон дорад, лекин хоҳишмандони шикори чунин сайд кам намешавад.
Морхур бештар ба хотири шохҳои печидаи зебояш диққати шикорчиёнро ба худ мекашад. Тибқи таҳқиқи тозаи донишмандони тоҷик аз Пажӯҳишгоҳи зоологияи Фарҳангистони улум агар то нимаи солҳои 90-ум дар Тоҷикистон танҳо 350 сар морхӯр вуҷуд дошт, ҳоло шумораи онҳо аз 1300 сар ҳам гузаштааст.
Бузи морхур ҳамчунин тӯъмаи аслии бабри барфӣ ба ҳисоб меравад, ки як ҷонвари нодири дигари Помир аст ва донишмандон мегӯянд, ҳифзи морхур маънии муҳофизати бабри барфӣ, як зеби дигари табиати зебои куҳистони Тоҷикистон аст.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!