Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Тоҷикистон андози бештар ҷамъоварӣ кардан мехоҳанд. Оё ин имконпазир аст?


Тоҷир Лайло Бурҳонова
Тоҷир Лайло Бурҳонова

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи буҷаи соли 2021-то ҷонибдорӣ кард. Қисмати даромади он назар ба соли 2020 беш аз 6% дар сад зиёдтар буда, мақомот бовар доранд, ки бо вуҷуди пандемияи COVID-19 ва пастравии нишондодҳои иқтисодӣ, нақшаи ҷамъоварии андоз ба буҷа иҷро хоҳад шуд. То куҷо пур кардани буҷа воқеан ҳам имконпазир аст ва оё ин нақшаҳо зиёда аз ҳад хушбинона нестанд?

Илҳом Акбаров, соҳибкори якка, фурӯши сарулибоси занонаву кӯдаконаро тавассути як дӯконаш дар Душанбе ва ҳам шабакаи интернет роҳандозӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар бозори интернетӣ чунин навъи маҳсулот фаровон аст, вале боз ҳам аксар рақибони ӯ маҳз дар шабакаи ҷаҳонӣ кори худро пеш мебаранд. Ба ҳамин хотир, ин қишри соҳибкорон аз пардохти андоз озоданду пули иҷораи дӯконро намесупоранд.

Илҳом мегӯяд, чунин ҳолат рақобати ноодилонаро густариш дода, ба рушди тиҷорати қонунӣ монеъ мешавад.

Акбаров мегӯяд, «мо молро аз дохили дӯкон фурӯшем ё тавассути интернет - муҳим нест, чун ҳамаашро аз касса мегузаронем, чек медиҳем. 90% аз роҳи гузоришдиҳӣ ба мақомоти андоз анҷом мешавад”.

Илҳом мегӯяд, онҳое, ки дар интернет бо фурӯши маҳсулоти хурду реза машғуланд, ба касе халал намерасонанд ва аксари онҳо, ба гуфтааш, бо ҳадафи як каме ба даст овардани даромад ва таъмини рӯзии оилаашон ин корро анҷом медиҳанд. Вале соҳибкороне, ки бо маҳсулоти ҳаҷмаш калон сарукор доранд, ҳатман бояд дар қайд бошанду андоз диҳанд. Акбаров гуфт:

“Онҳое, ки бо тиҷорати калони интернетӣ машғуланд, мисле, ки ман мекунам - бигузор андоз супоранду дар қайд бошанд. Вагарна ин чиз бар зарари тиҷорати мисли мо, яъне шабакаи фурӯшгоҳҳои мо дар шаҳр меанҷомад”.

Ахиран Вазорати молияи Тоҷикистон ба вакилони парлумон пешниҳод кард, ки тарҳи қонуни андозбандии тиҷорати интернетӣ қабул шавад. Мушовири тиҷоратӣ Шер Ҷӯрабоев ин тасмимро дуруст меҳисобад. Айни замон, ба гуфтаи ӯ, савол ин аст, ки иҷрои қонун чӣ гуна хоҳад буд, дар ҳоле, ки барои ҷамъоварии ин бахши андозҳо заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам нашудааст. Яке аз суолҳо, ба гуфтаи ӯ, ин аст, ки чӣ гуна мақомот амалиёти хариду фурӯшро назорат карда, шаҳрвандонро маҷбур мекунанд, ки ҳатман ба қайд гирифта шаванд?

Ҷӯрабоев мегӯяд: “Намедонам, онҳо чӣ гуна инро пайгирӣ хоҳанд кард. Муҳим ин ки имкониятҳои пардохтҳои инфиродиву ҳузурӣ вуҷуд дошта бошад. Солҳои охир дар Тоҷикистон бозори фанновариҳои тиҷоратӣ хеле гарм шудааст. Бубинед, то куҷо замимаву абзоре зиёд шудааст ва мо ҳама гуна хароҷоти худро аз ин роҳ бароварда мекунем. Аз хароҷоте, ки ба давлат месупорем сар карда то хариди питса аз як дӯконча – ҳамааш аз ин роҳ сурат мегирад. Ба назарам, тадриҷан ба ҳамаи ин амалиёт андоз илова хоҳад шуд”.

Мақомоти Тоҷикистон чандин сол аст, ки дар андешаи пайдо кардани роҳҳои нави пур кардани буҷа ҳастанд. Илова ба ин ҳар сол қисмати даромади буҷаро, бидуни арзёбии вазъи тиҷорату соҳибкорӣ боло мебаранд. Тарҳи буҷаи давлатии соли оянда ҳам, бо вуҷуди пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон ва ҷаҳон, дар қиёс бо соли ҷорӣ 6 % зиёд тарҳрезӣ шудааст.

Вакили парлумон Саидҷаъфар Усмонзода мегӯяд, ки бо сабаби пандемияи коронавирус вазъи тиҷорату соҳибкорӣ дар кишвар хуб нест ва тахмин мекунад, ки афзоиш аз ҳисоби дигар манбаъҳои даромад таъмин хоҳад шуд.

Усмонзода мегӯяд: «Давлат роҳҳои беҳтар кардани сифати зиндагии аҳолиро ҷустуҷӯ дорад. Аз рӯи ҷаласаҳои қаблӣ мешавад гуфт, ки мақомот метавонанд буҷаро аз ҳисоби ҷалби грантҳои сохторҳои байналмилал ва ҳам аз ҳисоби фурӯши захираҳои тилову асъор пур кунанд”.

Тарҳи буҷаи давлатии соли оянда ба баррасии Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ирсол шудааст. Дар давоми даҳ соли охир вакилон ба ингуна санадҳо тақрибан ҳеҷ таҳрир ё иловае ворид накардаанд. Аз ин рӯ, пешбинӣ мешавад, ки ин санад дар наздиктарин фурсат дар ҳамин шаклаш қабул хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG