Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати нави Тоҷикистон. Чеҳраҳои нав меоянд ё куҳнаҳо ҷой иваз мекунанд?


Яке аз ҷаласаҳои ҳукумати Тоҷикистон. 27 майи соли 2020.
Яке аз ҷаласаҳои ҳукумати Тоҷикистон. 27 майи соли 2020.

Дар Тоҷикистон ҳукумат нав мешавад, вале ҳадафҳои асосии он то куҷо нав хоҳанд буд? Оё бо ҳайати ҳозира барномаҳои давраи нави раёсати Эмомалӣ Раҳмон иҷро шуда метавонанд?

Бо нахустин фармонаш, пас савганди президентӣ Эмомалӣ Раҳмон 30 октябр ҳукуматро бараканор кард, вале то ташкили ҳайати нав, он ба иҷрои вазифаҳояш идома медиҳад.

Ин тартиб бар асоси моддаи 74-и Қонуни асосии Тоҷикистон ва моддаи 9 қонуни конститутсионии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" сурат гирифт. Бар пояи онҳо, сарвазир, муовини аввал, муовинон, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ аъзои Ҳукумати Тоҷикистон дониста мешаванд.

Ҳоло, тавре коршиносон мегӯянд, вазифаи президент ташкили ҳукумати тавоноест, ки ба талаботи замона, хусусан дар пасманзари шиддат гирифтани буҳрони иқтисодии пешомада аз ҳамагирии COVID-19 посухгӯ бошад.

Ваъдаҳои наву кӯҳна

Дастёбӣ ба истиқлоли пурраи энержӣ, наздик шудан ба таъмини амнияти озуқаворӣ, суръатбахшии раванди саноатӣ кардани кишвар ва амалӣ кардани Стратегияи миллии рушди то соли 2030 - нуктаҳои асосие буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни нахустин суханронияш пас аз маросими савганд таъкид кард. Амалан инҳо ҳадафҳоеанд, ки зиёда аз даҳ сол пеш эълон шуда, аммо то ҳол амалӣ нагаштаанд ё танҳо қисман амалӣ шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ваъда кард, ки дар 7 соли оянда бахши иқтисодиро дар сари кор қарор медиҳад: рушди устуворро аз ҳисоби навъбахшӣ ва рақобатпазир кардани иқтисоди миллӣ таъмин мекунад, синфи миёнаро зиёд мекунад ва ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро ба дараҷаи давлатҳои дорои даромади миёна мерасонад.

Чӣ гуна мешавад нақшаҳоро амалӣ кард?

Ба назар мерасад, иҷрои ин нақшаҳо ба сиёсати комёбонаи кадрӣ, ҷалби сармоя ва эҷоди стратегияи дақиқи иқтисодӣ бастагӣ дорад.

Масъала хусусан ҳоло ҷиддитар мешавад. Буҳрони иқтисодӣ дар Русия, сабаби қариб 15 дарсад ё 174 млн доллар кам шудани интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон гаштааст. Бастани марзҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва маҳдуд шудани содироти маҳсулоти озуқаворӣ аз онҳо аллакай сабаби қиматӣ дар бозорҳои Тоҷикистон шуд.

Аммо то кунун маълумоте дар бораи тағйир ёфтани стратегияи интихоби кадрҳо, барномаҳои иқтисодӣ ва сармоягузорони эҳтимолӣ барои ҷомеа дастрас нашудаастанд.

Як мансабдори воломақоми Ҳукумати Тоҷикистон ба шарти пинҳон мондани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шояд фишори масъалаҳои иқтисодӣ ва душвориҳои марбут ба ҳамагирии коронавирус, Тоҷикистонро ба узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё водор кунад. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, ҳама гуна тасмими марбут ба сиёсати иқтисодӣ ва кадрӣ дар дасти президент аст, ки интихоби ӯро пешбинӣ кардан душвор аст.

Шоистаҳо ё вафодорҳо?

Дар гузашта, баъди дигарбора ба вазифаи президентӣ пардохтани Эмомалӣ Раҳмон бештари аъзои кабина мавқеи худро нигоҳ доштаанд.

Шореҳи сиёсӣ Иршод Сулаймонӣ мегӯяд, ки сиёсати кадрии президент ва шеваи давлатсозӣ дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз таҷрибаи гузаштаҳо ошност. "Муҳимтарин асли омадани мансабдорон ба ҳукумат садоқату вафодории онҳост. Ин махсусан ба мақомоти қудратӣ дахл дорад, ки дар 7 соли ахир мо дидем, ҳатто раҳбарии кори идеологӣ низ дар дасти ин бахш буд",- мегӯяд Сулаймонӣ, вале ҳамзамон эҳтимоли тағйирот дар ин бахшро низ рад намекунад.

Солҳои охир сардори давлат бештар аз ҷалби мутахассисони ҷавон ва занҳо ба хидмати давлатӣ суҳбат мекунад. Шубҳаварзон чунин изҳороти президентро ба пешбарии аъзои хонаводааш пайванд медиҳанд ва мегӯянд, ки сиёсати кадрии Тоҷикистон, яъне бартарии вафодории кадрҳо бар шоистагии онҳо солҳост тағйир наёфтааст.

"Дар кисаам кадр намонд"

Ба суоли ин ки, оё буҳрони феълӣ ба стратегияи кории президенти тозаинтихоб, хусусан ба сиёсати кадрии ӯ таъсир мегузорад, коршиноси мустақил Абдумалик Қодиров посухи манфӣ дорад.

"Даҳ сол қабл президент ҳангоми посух ба масъалаи сиёсати кадрӣ гуфт, ки дар кисааш дигар кадр намонд. Ин изҳорот то кунун доғ аст, зеро дар ҳукумати Тоҷикистон кадрҳои нав, хусусан аз ҳисоби ҷавонон, хеле каманд. Аъзои нави ҳукумат, асосан ба ҷойи якдигар дар мансабҳои гуногун омаданд ва эҳтимол аст, ки истеъфои ҳукумат ба тағйири ҷиддии кадрӣ намеоварад",- тахмин мезанад ҳамсуҳбати мо.

Шояд кадом як тағйире дар бахши иқтисодӣ мешавад, мегӯяд ӯ, аммо бо таваҷҷуҳ ба кадрҳои мавҷуд дар он, стратегияи наверо интизор шудан нашояд.

Манбаи Радиои Озодӣ дар Ҳукумати Тоҷикистон, ки нахост, номаш гуфта шавад, ин пешбиниҳоро ҷонибдорӣ намекунад. Ба гуфтаи вай, тағйири кадрӣ дар ҳукумат тадриҷан сурат мегирад. "Вазирон ба тадриҷ тайи як ё ду моҳ иваз карда мешаванд, вале раисҷумҳур метавонад хеле зуд тасмим худ дар бораи кадрҳоро тағйир диҳад",-мегӯяд манбаъ.

Хатарҳо барои режим

Сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, бо назардошти масъулияти мақомот дар назди донорҳо, тағйири муайяне хоҳад шуд, вале дар доираи низоми мавҷуда.

"Ҳеч гуна сарусадое дар бораи тағйири сиёсати иҷтимоиро мо намешунавем. Баръакс, мо мебинем, ки шикори таксиронҳо сар шудааст, яъне ба онҳое, ки аз Русия баргаштаанд, ба ҷойи он, ки имкони кор кардан дода шавад, фишор меоранд",- мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи вай, дар ҳар ҷомеае, ки беқурбшавии пул, рушди бекорӣ, коҳиши даромади мардум ба назар мерасад, суботу оромӣ таҳти хатар мераванд. Аз ин рӯ, сиёсатгузории иҷтимоӣ бояд пурра дигар шавад.

Мусоҳибони Радиои Озодӣ ҳамагӣ бар инанд, ки сиёсати кадрӣ ва тарзи мудирияти куҳна наметавонад ба мушкилоти имрӯза ва буҳрони афзояндаи иқтисодӣ посух диҳад. Ба назари онҳо, дар шароити буҳрони ҷаҳон ва камии сарчашмаҳои маблағгузорӣ, ягона шарти ҳифзи суботи давлат метавонад бознигарии сиёсати кадрии мавҷуда бошад.

Бино бар омори соли 2019, дар ҳукумати Тоҷикистон 20102 вазифа ҳаст ва алҳол он аз 19382 мансабдор иборат аст.

XS
SM
MD
LG