Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои тиҷорат қарз гирифт, аммо бозор сӯхт ва хонааш дар хатар аст. Баҳси 6-сола бо бонк. ВИДЕО


Абдуназар Шарипов
Абдуназар Шарипов

Як сокини шаҳри Кӯлоб, ки бо нияти соҳибкорӣ аз бонк қарз гирифта буд, ҳам тиҷораташро аз даст дод ва ҳам мумкин аст бе сарпаноҳ монад. Таҷрибаи Абдуназар Шарипов ягона нест ва то кунун даҳҳо оила ба мисли ӯ бинобар саривақт пардохт накардани қарзи бонк аз манзилҳояшон маҳрум шудаанд.

Писари Абдуназар Шарипов шаш сол пеш барои тиҷорат аз Аввалин бонки молиявии хурд 10 ҳазор доллар гирифт. Онҳо дар бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб дӯкон доштанд, вале моҳи январи соли 2014 бозор оташ гирифт ва дӯкони онҳоро низ ба коми худ фурӯ бурд.

Абдуназар Шарипов мегӯяд, тиҷорат ва манбаи асосии даромади худро аз даст доданд ва дигар натавонистанд, ки қарзи бонк ва баҳраи онро бипардозанд.

Кор ба додгоҳ кашида шуд ва соли 2017 амр доданд, ки Шарипов 86 ҳазор сомонии бонкро баргардонад. “Ҳамин буҳрон гузарад, шояд бисёртар пул диҳем. Ҳоло 370 сомонӣ нафақа мегирам ва боз аз бачаам ва аз ину он мегирам ва ба бонк 500 сомонӣ месупорам. Мо саркашӣ накардем”, - гуфт ӯ рӯзи 21-уми октябр ба Радиои Озодӣ.

Шарипов афзуд, то ин дам 30 ҳазор сомонӣ қарзашро баргардондааст ва ба сабаби буҳрону фалокат дар бозор ба ин ҳол уфтод. Баҳс ва тарси аз даст додани хона бемораш кардааст: “Гуфтанд, ки аз хона берун мекунанд. Гуфтам, хонаро гиред, ба замин кордор нашавед. Замин моликияти давлат аст, ба гарав дода намешавад. Ҳамин тоқиро додӣ, тоқиро бигир, ба куртаи ман чӣ кор доред...”

Масъулони намояндагии Аввалин бонки молиявии хурд дар Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба Шарипов муҳлат доданд, аммо дар вақти таъйиншуда натавонист пулро баргардонад. Ғиёсиддин Умаров, ҳуқуқшиноси бонк гуфт, соли 2020 бо Шарипов боз созиш карданд ва шаш моҳ муҳлати иловагӣ доданд.

"Қарз гирифт, бозор сӯхт, хонааш дар хатар аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Ҳоло Абдуназар Шарипов бо умеди он ки бонк як бори дигар муҳлати пардохти қарз ва баҳраи онро дароз мекунад, рӯз мегузаронад.

Бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб моҳи январи соли 2014 оташ гирифт. Мақомот гуфтанд, дар ин сӯхтор тақрибан сад дӯкон, беш аз 380 нуқтаи фурӯш ва дар маҷмӯъ зиёда аз 600 соҳибкор зиён диданд.

Дар гузашта тоҷирони бозорҳои дигари кишвар, ки дар онҷо низ сӯхтор сар задааст, аз қарздор мондани худ аз бонкҳо шикоят карда буданд. Мақомот дар баъзе маврид ба онҳо дар пардохти молиёту баҳраи қарзи бонкҳо имтиёз медиҳанд, аммо тоҷирон мегӯянд, он муваққатӣ ва ночиз аст.

Қаблан Бюрои қарзиву иттилоотии Тоҷикистон, ки ба қарзгирандаҳо, мудирияти буҷа, дониши молӣ ва роҳҳои дурусти гирифтану баргардонидани қарзро меомӯзад, гуфта буд, бидуни андеша ва барномаи мушаххас қарз гирифтан кори хатост. Як таҳқиқи бонки Raiffeisen Вank International дар соли 2017 низ нишон дода буд, ки тақрибан нисфи муштариёни бонкҳои Тоҷикистон қарзҳояшонро саривақт барнамегардонанд.

XS
SM
MD
LG