Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз хабари "кушта шудан"-и Гулмурод Ҳалимов, номи ӯ дар рӯйхати таҳримҳои СММ пайдо шуд


Гулмурод Ҳалимов. Акс аз бойгонӣ
Гулмурод Ҳалимов. Акс аз бойгонӣ

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 21-уми октябр номи Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷикро бори дигар ба феҳрасти такмилшудаи таҳримҳояш ворид кард. Ин феҳраст дар ним сол як бор нав мешавад. Ба он номи шахсонеро, ки бо созмонҳои террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ва "Ал-Қоида" робита доранд, ворид мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки моҳи августи имсол Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, ба иттилои дарёфтии онҳо, Ҳалимов дар як амалиёт дар Сурия кушта шудааст. То он вақт мақомоти Тоҷикистон мегуфтанд, аз сарнавишти полковники фирорӣ хабар надоранд.

Таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид кишварҳои узви ин созмонро вазифадор мекунад, ба афроди шомили ин феҳраст силоҳ нафурӯшанд, суратҳисобу дороиҳояшонро банданд ва ҳаққи ҳаракат дар қаламравашонро надиҳанд.

Дар шарҳи феҳрасти Шӯрои амнияти Созмони Милал макони охири зисти Гулмурод Ҳалимов Сурия нишон дода шудааст.

Гулмурод Ҳалимов ягона шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки вориди ин рӯйхат шудааст. То кунун марги ӯро ҳеч кишваре пурра тасдиқ накардааст. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, низ гуфта буд, ҳарчанд хабари марги ӯро шоҳидон тасдиқ кардаанд, "то мурдаашро набинанд ва шахсияташ тасдиқ нашавад" ба ин иттилоъ бовар намекунанд.

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои вижаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, соли 2015 ба сафи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ пайваст ва то ба сатҳи "вазири ҷанг"-и ин созмони террористӣ расид.

Аз соли 2017 ба ин сӯ дар бораи захмӣ шудан ва ҳалокати ӯ дар Ироқу Сурия чанд дафъа гузоришҳо нашр шудааст. Вазорати дифои Русия соли 2017 эълон кард, ки ӯ дар як ҳамла дар минтақаи Дейр-Аз-Зори Сурия “сахт захмӣ шуд”.

Нашрияи “Таймс” ҳамон сол дар бораи ҳалокати ӯ дар Ироқ хабар дод, вале маргашро ягон кишвар расман тасдиқ накардааст.

Гулмурод Ҳалимов дар Тоҷикистон ба “зархаридӣ ва ширкат дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ” айбдор аст. Қаблан Амрико барои маълумоти арзишманд дар бораи макони ӯ 3 миллион доллар ваъда карда буд.

Додгоҳи вилояти Хатлон соли 2017 се нафар аз наздикони Гулмурод Ҳалимовро, ки дар пайи задухӯрд бо мақомоти қудратӣ дар ноҳияи Восеъ боздошт шуда буданд, мутаносибан аз 7 то 18-солӣ ба зиндон маҳкум кард.

Писари ӯ, Беҳрӯзи Гулмурод, соли гузашта дар ошӯби хунин дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат кушта шуд ва ҷасадашро бидуни нишон додан ба наздиконаш ба хок супурданд. Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон чанд соат пас аз ҳодиса ӯро ба сар задани ошӯб дар зиндон муттаҳам кард.

XS
SM
MD
LG