Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амнияти СММ аз Озарбойҷон ва Арманистон хост, оташбасро риоя кунанд


Осори ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ.
Осори ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ.

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз Арманистон ва Озарбойҷон хост, то оташбаси навро риоя кунанд. Дар ҳамин ҳол, раҳбарони Озарбойҷон ва Арманистон аз омодагии худ барои поёни ин низоъ сухан гуфтаанд, аммо шартҳои худро гузоштанд.

Шӯрои амнияти СММ дар нишасти рӯзи душанбеи худ вазъияти минтақаи ҷудоиталаби Қарабоғи Кӯҳиро мавриди баррасӣ қарор дод. Понздаҳ кишвари узви Шӯрои амният хоҳони риояи оташбас аз сӯи ҳар ду тараф шуданд.

Хабаргузории "Франс-пресс" аз қавли дипломатҳо гузориш дод, ки ҳама пазируфтанд, ки вазъият ниҳоят печида аст ва тарафҳо бояд ақибнишинӣ карда, оташбасро риоя кунанд.

Рӯзи гузашта Озарбойҷон ва Арманистон ҳамдигарро ба оғози дигарбораи ҷанг муттаҳам карданд. Чунин ба назар мерасад, ки оташбаси нав бо хатар рӯбарӯ шудааст. Сафири Русия дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки дар нишасти Шӯрои амният зарурати идомаи оташбас мавриди баҳс қарор гирифт.

Дар ҳамин ҳол, сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, омодааст бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев барои ҳалли низои Қарабоғи Куҳӣ дар шаҳри Москваи Русия гуфтугӯ кунад.

Арманистон ҳамзамон ҳалли мақоми Қарабоғи Кӯҳиро шарт гузоштааст. Пашинян дар ин бора дар сӯҳбат бо хабаргузории русии ТАСС изҳори назар кард. Ереван исрор дорад, ки ба мардуми Қарабоғи Куҳӣ ҳаққи худмуайянкунӣ дода шавад.

Илҳом Алиев низ дар сӯҳбат бо ТАСС аз омодагии худ барои гуфтугӯи ҳалли низои Қарабоғи Куҳӣ хабар дод. "Мо ҳам сулҳро мехоҳем. Вале бар хилофи Арманистон, минтақаҳоеро низ мехоҳем, ки ба мо тааллуқ доранд",-изҳор дошт президенти Озарбойҷон.

Ба навиштаи "Новая газета", артиши Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Куҳӣ хабар додааст, ки дар натиҷаи даргириҳо 729 сарбози арманӣ кушта шудааст. Озарбойҷон талафоти худро ошкор намекунад. Алиев гуфт, маълумот дар бораи талафотро баъди хатми задухурдҳо эълом мекунанд.

Ду кишвар аз солҳо ба ин тараф бар сари минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ бо ҳам ихтилоф доранд. Ин минтақа, ки аксарияти аҳолиаш арманиҳо мебошанд, бахше аз хоки Озарбойҷон аст ва аз замони поёни ҷанг дар соли 1994 дар назорати Арманистон қарор дорад. Ду тараф ҳамон сол созишномаи оташбас имзо карданд, амо ин паймон низ ба ихтилофи ду кишвар поён надод.

Талошҳои байналмилалӣ барои поён додан ба ин буҳрон то ба ҳол бенатиҷа мондааст. Бо ин, ки аз оғози ин бӯҳрон 32 сол мегузарад, муноқиша ҳамчунон идома дорад ва ҳудуди 30 ҳазор нафар дар ин муддат кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG