Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҳангсози тоҷик Диловари Зуҳуриён дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид


Диловари Зуҳуриён дар пайи як садамаи автомобилӣ даргузашт.
Диловари Зуҳуриён дар пайи як садамаи автомобилӣ даргузашт.

Диловари Зуҳуриён, оҳангсози тоҷик шаби гузашта дар пай як садамаи нақлиётӣ ҷон бохт. Аз Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки садама соати 24:30 дақиқа дар шоҳроҳи Данғара-Ваҳдат дар деҳаи Чиртак рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, оҳангсози тоҷик бо автомашинаи тамғаи "Мерседрс"-и худ муқобили самти ҳаракат баромада, ба як боркаши "Чакман" бархӯрдааст. Манбаъ мегӯяд, ӯ ва як мусофираш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. "Аз автомашинаи боркаш касе зарар надидааст",-афзуд манбаъ.

Ба гуфтаи Шоираи Раҳимҷон, шоира ва таронанависи тоҷик, маросими видоъ бо ин оҳангсоз дар зодгоҳаш ноҳияи Данғара баргузор шуд. Як манбаи дигар гуфт, Диловари Зуҳуриён як рӯз пеш аз ин ҳодиса, барои бори дуввум издивоҷ кардааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Диловари Зуҳуриён як оҳангсозӣ касбӣ ном бурдаанд. Баъзе аз дӯстонаш марги ӯро талафоти бузург барои санъати эстрадаи кишвар арзёбӣ намуданд.

Чанде аз оҳангҳои бо тозагӣ эҷоднамудаи ин ҳунарманд то ҳанӯз пешкаши мухлисонаш нашудааст. Сафаргул Юсуфова, сарояндаи тоҷик дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Диловар барои ӯ чаҳор оҳанг навишта буд, ки ҳанӯз дастрасӣ мардум нашудааст. Ба қавли ӯ, яке аз ин оҳангҳо дар мавриди аз ғаму ғуссаи таъсири пандемияи коронавирус берун овардани мардум аст.

"Ду оҳанги дигараш дар мавзӯи баҳор ва яке дигар оҳанги ошиқона мебошад. Ташвиши хонадоршавияш имкон надод, ки ин оҳангҳо ба пуррагӣ ба анҷом расанд. Танзим шудаанд, вале сабти овоз мондааст, умедворем ба наздикӣ пурра омода шуда, пешкаши мардум мегарданд".

Баъзе огоҳони санъати тоҷик бар ин назаранд, ки Диловари Зуҳуриён бо фарқ аз оҳангсозони дигар вижагиҳои худро дошт ва ҳунари ӯ барои ҳамеша дар қалби мухлисонаш мемонад.

Қурбоналӣ Абдуллоев, сарояндаи дигари тоҷик дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Диловари Зуҳуриён бисёр ҷавони эҳсосотӣ ва ҳунарманди хуб буд. Абдуллоев афзуд, соли 2000-ум вақте ки Диловар ба саҳнаи калони санъати тоҷик қадам гузошт, як навоварию тозагие ба ҳамроҳаш овард.

"Қариб бо ҳамаи ҳунармандон ҳамкорӣ дошт, аз ҷумла бо ман низ. Ӯ бисёр мутриби олӣ буд ва ҳангоми фаҳмонидани ҳунарманд, овозхон бисёр серталаб буд, то дараҷаи комил нозукиҳои корашро медонист. Ӯ худ дар баробари оҳангсоз будан, хонандаи хуб ҳам буд. Фикр мекунам марги ӯ як зарбаи қавӣ ба санъати имрӯзи мо аст”.

Исми Диловари Зуҳуриёни 46-сола ҳанӯз аз солҳои 2000-ум бо оҳангҳои маъруфе, ки барои Манижа Давлатова, Садриддин Наҷмиддин ва дигар овозхонони номдори тоҷик навиштааст, шинохта шуд.

Вай муаллифи оҳангҳои маъруфи "Дили дардманд", "То ҳастаму ту ҳастӣ"-и Манижаи Давлат, таронаи "Модар" ва "Гӯшаи бом"-и Сироҷиддини Фозил аст. Худаш дар як мусоҳибаи имсолаш гуфта буд, ки тақрибан 500 оҳанг эҷод кардааст. Диловари Зуҳуриён чанд моҳи ахир ба ҳайси оҳангсози дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радио фаъолият мекард.

XS
SM
MD
LG