Созмони амрикоии Freedom House ё Хонаи озодӣ дар гузориши наваш мегӯяд, соли даҳум аст, ки озодиҳои интернетӣ маҳдуд мешаванд ва ҳукуматҳо дар саросари ҷаҳон пандемияи коронавирусро баҳона оварда назорати онлайнӣ, саркӯби дигарандешон ва василаҳои нави назорати фаннӣ аз болои ҷомеаро пурзӯр мекунанд. Гузорише бо номи “Озодӣ дар шабакаҳо”-и созмони воқеъ дар Вашингтон, ки 14-уми октябр нашр шуд, мегӯяд, мақомот дар даҳҳо кишварҳо бо баҳонаи COVID-19 “қудрати афзояндаи назоратро тақвият медиҳанд”. Гузориш мегӯяд, ки дар натиҷа, аз 65 кишвари мавриди таҳқиқ дар 26-тоаш вазъи озодиҳои интернетӣ бад шуда, дар 22-тоаш болоравии нишондодҳо мушоҳида шудааст. Тоҷикистон дар ин гузориш таҳқиқ нашудааст. Гузориш мегӯяд, ки танҳо 20 дарсади 3,8 миллиард аҳолии ҷаҳон дар фазои бози интернетӣ ба сар мебаранд. Дар миёни кишварҳое бо поинравии нишондодҳои озодиҳои интернетӣ Мянмар, Қирғизистон, Ҳинд, Эквадор ва Нигерия номбар мешаванд. Гузориш вазъро аз июни соли 2019 то моҳи маи соли 2020 мавриди таҳқиқ қарор додааст. Дар ИМА ҳам соли чорум аст, ки поинравии озодиҳои интернетӣ мушоҳида мешавад, мегӯянд муҳаққиқон. Майкл Абрамович, президенти Хонаи Озодӣ мегӯяд, дар ҳоле, ки дар шароити пандемия вобастагӣ аз фанновариҳои интернетӣ бештар мешавад, интернет то рафт ноозод мешавад. Ӯ гуфтааст, ки дар чунин шароит интернет мавриди саркӯбҳои сиёсӣ қарор мегирад.