Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, гуфт, ки натиҷаи интихоботи президентии рӯзи 11-уми октябрро на ӯ ва на ҳизбаш қабул надоранд. Ин ҳизб, ки ягона нерӯи мухолиф дар дохил аст, охири моҳи августи имсол эълон кард, интихоботро таҳрим ё бойкот мекунад. Масъулони Кумисюни марказии интихобот гуфтанд, ин тасмими ҳизб аст.
Радиои Озодӣ рӯзи 12-уми октябр ва баъд аз эълони натиҷаҳои интихоботи президентӣ бо Раҳматулло Зойиров суҳбат кард ва дар аввал аз ӯ пурсид, ки оё таҳримро амалӣ кард ва ба интихобот нарафт?
Раҳматулло Зойиров: "Мо ба интихобот нарафтем ва таҳримро амалӣ кардем, лекин ин ба он дараҷае муҳим нест. Барои он муҳим нест, ки алакай аксари мардуми Тоҷикистон худ дарк карданд, ки ин интихобот ғайриқонунӣ аст. Интихобот ғайриқонуниву ғайриконститутсионӣ ташкил дода шудааст. Натиҷаҳои ин интихоботро ба инобат гирифтан, ин худ зидди қонун аст. Мардум дарк карданд, ки дар Тоҷикистон дигаргуниву тағйирот лозим аст ва бояд, ки ҳокимияти давлатӣ дигар карда шавад."
Навори суҳбатро дар инҷо бинед:
Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, нарафтани бахше аз интихобкунандагон ба раванд ва натиҷаҳои интихобот таъсире надошт?
Раҳматулло Зойиров: "Ин аллакай таъсир кард. КМИР (Комиссияи марказии интихобот) эълон кард, ки беш аз 85 дарсад дар ин маърака иштирок карданд. Лекин ба ҳисобҳои мо ҳамагӣ 28 дарсад иштирок карданд. Маълум мешавад, ки аксари мардум дар интихобот иштирок накарданд. Натиҷа ҳамон мешавад, ки интихобот дар Тоҷикистон амалинашуда баҳисоб меравад."
Радиои Озодӣ: Назари Шумо ба омори эълоншуда дар бораи интихобот чист?
Раҳматулло Зоиров: "Оморе, ки КМИР эълон кард, на ман ва на Ҳизби сотсиал-демократ қабул надорем. Ҳоло бо чанд далел мегӯям. Хатои аввал дар феҳристи интихобкунандагон буд. Муҳоҷирон ду дафъа дар феҳрист навишта шуданд. Ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ, ки ин нодуруст аст. Шумори интихобкунандаҳо дар интихоботи парлумонӣ ҳам 4,9 миллион буд дар интихоботи президентӣ ҳам ҳамин тавр аст. Аз назари демографӣ ин бояд тағйир меёфт. Вале ба ҳисобҳои мо дар дохили кишвар 2,6 миллион интихобкунанда ҳаст, агар муҳоҷиронро ҳисоб накунем. Аз ин рақам қариб 1 миллиону 400 ҳазор дар интихобот ширкат карданд, ки 28 дарсад аст. Аз ин хотир мо наметавонем эълон кунем, ки дар Тоҷикистон интихобот баргузоршуда дониста шуд. Аз тарафи дигар, вақте чаҳор ҳизби дигар тавонистанд 250 ҳазор имзо ҷамъ кунанд, яъне 20 фоиз овоз ҷамъ мешавад. Аммо дар маҷмуъ ин чаҳор ҳизб ҳамагӣ 8 фоиз овоз гирифтанд. Дар мавриди тақаллуб, дар интихобот қариб 2 миллион тақаллуб шудааст. Бо ин роҳ намешавад интихоботро баргузор кард. Агар КМИР эълон мекард, ки 60 дарсади овозҳоро Эмомалӣ Раҳмон ва 30 дарсадро ҳизбҳои дигар гирифтанду 10 дарсад мухолифи ҳама ҳизбҳо раъй доданд, ҳеч эрод надоштам. Бо вуҷуди он ки аз миёни ин панҷ номзад ба ғайр аз президенти амалкунанда ҳеч номзади сазовор набуд, президенти феълӣ ин роҳро бо шикастани иродаи мардум ва тақаллуб амалӣ гардониданаш нодуруст аст."
Радиои Озодӣ: Баҳои нозирони кишварҳои муштаракулманофеъ ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ба интихобот чӣ таъсир дорад?
Раҳматулло Зоиров: "САҲА дар интихобот ҳамчун нозир ширкат надошт, чун аз нозир будан дар интихоботи президентии Тоҷикистон даст кашид. Як гуруҳи хурде буд, ки танҳо баҳогузорӣ мекунанд, интихобот аз назари қонунӣ дуруст баргузор шуд ва ё тақаллуб ҷой дошт, ё не. Нозирони ИДМ ҳеч вақт воқеиятро тарафдорӣ намекунанд. Нозирони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳам ширкат мекарданд, надидам, ки онҳо ягон вақт қонуншиканиеро мушоҳида карда бошанд. Дар ҳоле ки комиссияҳои интихоботӣ аз ҷониби танҳо ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ташкил шудааст, инро нодида мегиранд. Нозирони байнулмилалӣ як унсури бефоида дар интихоботҳои Тоҷикистон ҳастанд."
Радиои Озодӣ: Ҳафт соли ояндаи Тоҷикистонро чӣ гуна мебинад?
Раҳматулло Зоиров: "Пешгӯӣ карданӣ нестам. Аммо ҳафт соли оянда барои Тоҷикистон бисёр вазнин ва мумкин, ки ҳатто инқилобӣ шавад."