Парлумони нотифоқи Қирғизистон бо таъини номзадии Содир Ҷапаров ба мақоми нахуствазири ин кишвар розӣ шуд. Овоздиҳӣ чанд рӯз баъди он баргузор гардид, ки Ҷапарови барои одамрабоӣ маҳкумшуда дар паи беназмиҳои ҷамъиятиву эътирозҳо аз натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ аз ҷониби тарафдоронаш аз зиндон озод карда шуд. Таъини Ҷапаров рӯзи 10-уми октябр ва як рӯз баъди он сурат гирифт, ки президент Сооронбой Ҷеенбеков дар Бишкек ҳолати фавқулодда ҷорӣ кард ва артишро ба кӯчаҳо баровард. Ин ҳама дар ҳоле буд, ки дар паи интихоботи 4-уми октябр Бишкек ва дигар шаҳрҳои калонтарини Қирғизистон дучори беназмиҳои ҷамъиятӣ шуданд. Президент инчунин гуфт, ки баъди ташкили ҳукумати нав омода аст аз мақомаш канор биравад. Вале ҳолати фавқулодда натавонист хушунату беназмиҳоро кам кунад. Дар Бишкек ҳодисаҳои ҳамлаи афроди тарафдори Ҷапаров ба ҳизбҳои ҷонибдори собиқ президент Алмосбек Отамбоев ва нахуствазири пешин Омурбек Бабанов ба қайд гирифта шуд. Отамбоев, ки ҳамчунин аз ҷониби тарафдоронаш аз ҳабс озод гардид, рӯзи 10-уми октябр дубора ба ҳабс гирифта шуд. Ӯро дар ташкили беназмиҳо гунаҳгор карданд. Ин дар ҳолест, ки Отамбоев бо иттиҳоми коррупсия ва гаравгонгирӣ мӯҳлати 11 соли зиндонро пуштисар мекард.