Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Усулҳои маъмулии тақаллуб дар интихоботҳои Тоҷикистон кадоманд? ВИДЕО


Сохтакориҳои маъмул дар интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Аз замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон чанд дафъа интихоботи президентиву порлумонӣ баргузаор шудааст ва ҷараёни онро садҳо нозири миллӣ ва байнулмилалӣ назорат кардаанд.

Аксар нозирони дохилӣ ва намояндаҳо аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аз шеваи баргузории интихоботҳо дар Тоҷикистон розӣ ҳастанд. Вале нозирони байнулмилалӣ, аз ҷумла аз САҲА, аз усулҳои ба ҳам монанди тақаллуб гузориш медиҳанд, ки мақомот такрор ба такрор аз онҳо истифода мекунанд. Аз кадом усулҳо?

Ин гузориш дар остонаи интихоботи порлумонии имсол омода ва пахш шуда буд ва нашри дубораи он дар остонаи интихоботи президентӣ аз манфиат холӣ нест.

РЕХТАНИ ВАРАҚАҲО

Ба сандуқи раъй як миқдор варақаҳо ба ҷонибдорӣ аз “номзади мавриди назар” рехта мешавад. Албатта, бар изофаи варақаҳое, ки интихобкунандагон овоз додаанд. Ин кор аз назари нозирон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ пинҳонӣ сурат мегирад ваё ҳатто дар ҳузури онҳо.

Варақаҳои қаблан пуркардашуда ба дасти намояндаи ҳавзаи интихоботӣ дода мешавад, то ки ноаён онҳоро ба сандуқ андозад.

Дар гузоришҳои ниҳоии САҲА дар мавриди интихоботҳои порлумонии солҳои 2000, 2005, 2010 ва 2015 гуфта мешавад, ки рехтани варақаҳо ба сандуқи раъй аз хилофкориҳои маъмул дар рӯзи интихоботи Тоҷикистон аст.

РАЪЙДИҲӢ БА ҶОЙИ АЪЗОИ ОИЛА

Таҷрибаи раъйдиҳӣ ба ҷойи ҳама аъзои оила дар Тоҷикистон аз замони Шӯравӣ ба мерос мондааст. Ин гуна ҳолатҳо дар ҳама интихоботҳои Тоҷикистон – порлумонӣ ва ҳам президентӣ – мушоҳида шудаанд.

Дар интихоботи соли 2015 ба ҳисоби нозирони САҲА раъйдиҳии оилавӣ дар чоряки ҳавзаҳои интихоботӣ ҷой доштааст. Нозирони САҲА изҳор доштанд, ки комиссияҳои маҳаллӣ ин гуна шикоятҳоро нодида мегиранд.

Ин чӣ гуна усул аст? Ба гуруҳе аз одамон ва наздикони онҳо супориш дода мешавад, ки ба «номзади мавриди назар» дар ду ва ё се ҳавзаи интихоботӣ овоз диҳанд. Такрори овоздиҳии як гуруҳи шахсон ба гуфтаи нозирон аз сӯи мақомот ташкил карда мешавад.

Дар гузориши САҲА доир ба интихоботи соли 2015 гуфта мешавад, ки «раъйдиҳии гуруҳӣ дар 18 дарсади ҳавзаҳои интихоботӣ ва овоздиҳии такрорӣ дар 16 фоизи ҳавзаҳо мушоҳида шуд».

СОХТАКОРӢ ДАР ШУМУРДАНИ РАЪЙҲО

Риоя накардани тартиби шумориши овозҳо низ яке аз тақаллубкориҳои анъанавӣ аст. Дар гузориши САҲА аз интихоботи соли 2010 гуфта мешавад, ки «нозирон дар ҳавзаи рақами 65-ум 900 интихобкунандаро сабт карданд, аммо пас аз соати 7 ва баъди рафтани нозирони байналмиллалӣ 300 овози «изофӣ» дар сандуқ пайдо шуд ва роҳбари ҳавза аз ширкати сад дар садии раъйдиҳандагон гузориш дод.

Мақомот ҳамвора вуҷуди тақаллуб дар интихоботҳоро рад кардаанд. Бо вуҷуди он ки дар бораи тақаллуб дар интихоботи гузаштаи порлумонӣ навору шикояти зиёде дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, масъулони Кумисюни марказии интихобот гуфтанд, ки ҳеч шикоят нагирифтанд.

Наворро дар инҷо бинед:

Сохтакориҳои маъмул дар интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

XS
SM
MD
LG