Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хуҷанд аз қасди худкушии духтари 17-сола пешгирӣ кардаанд


Як духтари 17-соларо аз ғарқшавӣ дар дарёи Сир, дар шаҳри Хуҷанд, наҷот додаанд. Масъулони идораи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ки ҳодиса 28-уми сентябр рух дод ва духтар зоҳиран қасди худкушӣ дошт.

Ба иттилои расмӣ, духтарро Сӯҳроб Мирзоеви 18-сола, донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи тиҷорат ва Баҳриддин Шарифов, маъмури наҷот аз об берун овардаанд.

Суҳроб Мирзоев ба ҳайси ихтиёрӣ ба кормандони ҳолатҳои фавқулода ёрӣ мекунад. “Аввал ӯро аз об берун кашидем ва сипас ёрии аввалро расонидем”, -- нақл кард Баҳриддин Шарифов.

Ба иттилои наҷотдиҳандагон, духтаре, ки онҳо аз об берун кашиданд, 17-сола ва аз шаҳри Гулистон аст. Шаҳзода Буттаева, сухангӯи идораи ҳолатҳои фавқулода гуфт, баъди аз об берун овардан духтар дар ҳолати «шок» қарор дошт.

Ӯ афзуд, “ба кормандони мо маълум гардид, ки дар оилааш муноқиша рух додааст ва духтар қасди худкушӣ дошт”.

Ба иттилои идораи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд, аз оғози сол бори шашум аст, ки занону духтарон бо ин роҳ мехоҳанд даст ба худкушӣ зананд.

XS
SM
MD
LG