Деҳаи Навандарсой дар ноҳияи Спитамен, ки ҳудуди даҳ сол пеш бунёд шуда буд, мактаб надошт.
Мадинаи Аҳмадҷон, як навраси сокини ин деҳа мегӯяд, то бунёди мактаб ҳаррӯз барои ба таҳсил рафтан ба деҳи ҳамсоя 10 сомонӣ роҳкиро харҷ мекард.
“Ба мо хеле душвор буд, ки саҳар барвақт аз хоб хеста 11 километр роҳро тай намуда, ба мактаб равем. Мо хеле хушҳолем, ки ин мушкилии мо бартараф шуд ва соҳиби мактаби замонавӣ шудем”,‑гуфт ӯ.
Мисли Мадина акнун беш аз 1000 наврас, ки чунин мушкил доштанд, дар ду баст инҷо таҳсил хоҳанд кард. Ин мактаб 28 синфхонаи таълимӣ ва толорҳои маъмурию маишӣ дорад. Волидони мактаббачагон мегӯянд, сохтмони мактаб пас аз дархостҳои зиёд оғоз шуд.
Видеоро ин ҷо бубинед.
Муҳаббат Баракаева, ки чор наберааш дар ин мактаб таҳсилро оғоз кардаанд, мегӯяд, наврасони 12 маҳаллаи деҳа барои ба деҳи ҳамсоя рафтан азоб доштанд.
“Ҳатто фарзандони деҳа ба садама дучор шудаанд. Барои ҳамин мо занҳо чанд бор ба ҷамоат нома навишта будем, ки ин масъаларо зудтар ҳал кунанд”,‑гуфт ӯ.
Деҳаи Навандарсой беш аз 5 ҳазор аҳолӣ дорад ва дар қарибии он боз 3 деҳаи дигар ҷойгир шудааст, ки аксаран бо ду забон‑тоҷикӣ ва узбекӣ гуфтугӯ мекунанд. 50 нафар омӯзгорон дар ин мактаб низ бо ду забон дарс хоҳанд гуфт.
Абдуллозода Алимардон, сармутахассиси Шуъбаи маорифи ноҳияи Спитамен мегӯяд, “бо хоҳиши падару модарон 30 дарсади хонандагон бо забони узбекӣ ва боқимондаи онҳо бо тоҷикӣ дарс хоҳанд хонд”.
Шерзод Шерматов, вазири маорифи Узбекистон, ки дар расми кушоиши ин мактаб иштирок дошт, аз хуб ҳарф задани мактаббачагон бо забони узбекӣ истиқбол намуд ва саҳми кишварашро дар сохтмони мактаб фоли нек донист.
Ӯ гуфт: “Ман дар таърих боре ҳам вонахурдаам, ки Узбекистон барои Тоҷикистон мактаб бунёд карда бошад. Ин дар таърихи ҳамкории ду кишвар аввалин маротиба аст. Масалан, 4 ё 6 сол пеш ҳеҷ кас хаёл ҳам намекард, ки муносибати ду кишвар то ба ин ҳад хуб мешавад. Умед дорам, ин оғози роҳ аст. Чун масъалаи асосӣ барои мо алоқаи наздик бо ҳамсоягон аст, ба хусус дар соҳаи таълиму парвариш”.
Муносибати Тоҷикистон ва Узбекистон пас аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ солҳо сард буд. Пас аз аз даргузашти Ислом Каримов дар моҳи сентябри соли 2016 ва сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев муносибати ду кишвар хуб шуд.
Дар 25 соли раҳбарии президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов равобити ин кишвар бо Тоҷикистон хеле сард шуд ва мизони ҳамкориҳо ҳам коҳиш ёфта буд.
Вале дар деҳаи Навандарсой бо сохтмони мактаб мушкилоти набуди дигар муассисаҳои хизматрасонӣ ба анҷом намерасад.
Собирҷон Саидзода, раиси ҷамоати Турсун Улҷабоев мегӯяд, “дар ин деҳа мо аз набуди муассисаи таълимии томактабӣ ва бунгоҳи тиббӣ танқисӣ мекашем”.
Ӯ гуфт, ки “як соҳибкори маҳаллӣ сохтмони онро ваъда кардааст ва онҳо интизори оғози сохтмон ҳастанд”.
Ноҳияи Спитамен бо беш аз 140 ҳазор нафар аҳолӣ дар назди сарҳади ҷумҳурии Узбекистон ҷойгир шудааст ва як гузаргоҳи марзӣ дорад. Дар ин ноҳия 33 муассиссаи миёнаи таълимӣ вуҷуд дорад, ки дар аксари он хонандагон бо забони узбекӣ низ тадрис мекунанд.