Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яке аз Русия баргаштан мехоҳад, дигарӣ муштоқи бозгашт ба Русия аст. ВИДЕО


Муҳоҷирону мусофирони мунтазир барои хариди билет дар Душанбе.
Муҳоҷирону мусофирони мунтазир барои хариди билет дар Душанбе.

Хабари парвозҳои махсус барои донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои хориҷӣ аз Душанбе ба шаҳри Минск дӯконҳои билетфурӯшии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-ро серодам кардааст.

Билетҳои парвоз ба пойтахти Белорусро танҳо бар асоси рӯйхати Вазорати илм ва маориф мефурӯшанд, аммо муҳоҷирони корӣ ҳам ба назди дӯконҳо омадаанд ва мехоҳанд, аз ин роҳ худро то ба Русия бирасонанд. Одинаи Неъматзод, як сокини Душанбе, ки барои хариди билет омада буд, рӯзи 21-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Барои билет саргардонем. Дар сомонаи «Госуслуги» сабти ном кардем, боз ҳам нашуд. Ҳоло барои билети Минск саргардонем.»

Саидҷон Сатторӣ, сокини дигари Душанбе мегӯяд, омода аст, барои рафтан ба Русия қарз бигиранду билети гаронро ҳам бихарад: “Нархи билет то Белорусияро 5200 сомонӣ мегӯянд, то 6800 сомонӣ. Намедонам бароям билет мерасад ё не, ба ҳар сурат қарз гирифта меравам.»

Талоши сафар ба Русия ба воситаи Минск
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00

Бо вуҷуди парвози ҳавопаймоҳои чартерӣ ба Русия аз Тоҷикистон ду кишвар ҳануз роҳро барои ҳаракатҳои мунтазами ҳавопаймоҳо боз накардаанд. Русия гуфт, ки парвозҳои доимӣ аз Маскавро рӯзи 21-уми сентябр ба пойтахтҳои Қазоқистону Узбекистон ва Қирғизистон аз сар мегирад. Дар хабари Русия дар бораи азсаргирии парвозҳои доимӣ ба Тоҷикистон ҳарфе гуфта нашудааст, мақомоти кишвар ҳам намедонанд, ки Русия кай дигарбора иҷозаи парвозҳои маъмулиро медиҳад.

Амриё Бобоев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Тоҷикистон ҳанӯз 22-уми июл Русияро дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барқарор кардани парвозҳои мунтазами ҳавоӣ бо Федератсияи Русия бо риояи қатъии талаботи санитарию зиддиэпидемикӣ расман хабардор карда буд. Ҷониби Русия дар навбати худ иттилоъ дод, ки таърихи барқарор кардани парвозҳои мунтазам баъд аз машваратҳои мақомоти авиатсионии ду кишвар муайян карда мешаванд. Ба ин далел, музокирот дар ин бора идома дорад ва тасмими ниҳоиро бояд мақомоти Русия бигиранд”.

Дар ҷустуҷуи ҳар роҳ барои расидан ба Русия

Парвозҳои мустақим миёни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Русия аз моҳи марти соли ҷорӣ ба далели хуруҷи бемории COVID-19 қатъ шуд ва садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик дар Русия дармонданд. Мақомот ахиран эълон карданд, ки аз рӯзи 16-ум то 30-юми сентябри имсол барои бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия 71 парвози чартерӣ ё ғайринақшавӣ ташкил мекунанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, парвозҳо аз Маскаву Санкт-Петербург, Қазону Краснодар, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск ва Уфаву Сургут ба Душанбе ба нақша гирифта шудааст ва тавассути ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр" анҷом мешавад. Дар ширкати “Сомон Эйр” ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ин тараф, яъне аз Душанбе мусофирон ба Русия интиқол дода намешаванд ва ба ин далел арзиши билет ба Тоҷикистон аз Русия муодили 395 евро аст.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз муҳоҷирони кории тоҷик талош доштаанд, ба шаҳри Дубай ва сипас аз онҷо ба Маскав парвоз кунанд. Ҳоло байни Душанбе ва Дубай парвозҳои маъмулӣ вуҷуд дорад. Арзиши билет аз ин роҳ ҳудуди 1300 доллари амрикоӣ будааст. Аммо, ҳам дар ширкати “Флай Дубай” ва ҳам “Сомон Эйр” гуфтанд, ки онҳо парвози мусофирон то Дубайро кафолат медиҳанд ва ба Маскав, касоне метавонанд, бираванд, ки шаҳрвандии Русияро доранд.

XS
SM
MD
LG