Гуруҳе аз созмонҳои мухолифи давлати Тоҷикистон, ки дар хориҷ қарор доранд, интихоботи қарибулвуқуи раёсати ҷумҳуриро «ғайриқонунӣ» хонда ва аз созмонҳои байналмилалӣ хостаанд, ки натиҷаҳои онро эътироф накунанд.
Паймони Миллии Тоҷикистон рӯзи 21-уми сентябр бо нашри як баёнияи кутоҳе гуфт, “интихоботи президентии 11-уми октябрро ғайриқонунӣ медонад, зеро, пас аз нақзи созишномаи Сулҳ ва пешвои миллат эълон шудани Э. Раҳмон, он дар мухолифат бо меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунҳои кишвар баргузор мегардад.»
Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки дар интихобот «номзадҳои алтернативӣ ва мустақил ширкат надоранд ва натиҷаҳои он наметавонад, баёнгари раъйи мардуми Тоҷикистон бошад.» Бо назардошти ин гуфтааст, Паймони Миллии Тоҷикистон аз мардум, созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дӯст даъват мекунад, «интихобот ва натиҷаҳои онро ғайримашруъ бидонанд.»
Дар интихоботи президентӣ дар моҳи оянда панҷ номзад, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури феълӣ ширкат мекунанд. Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар интихобот пирӯз эълон шавад ва барои 7 соли дигар раиси ҷумҳури Тоҷикистон бимонад. Тайи чанд соли ахир ӯ ва ҳукуматро барои саркӯби дигарандешон, аз саҳнаи сиёсӣ рондани мухолифони давлат, маҳдуд кардани озодии баён ва дигар ҳуқуқи бунёдӣ дар кишвар танқид мекунанд.
Паймони Миллии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ таъсис ёфт, аз Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ташкил ёфтааст.