Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ номзади интихоботи президентӣ сабти ном шуданд


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ки панҷ нафарро ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур дар интихоботи моҳи октябр сабти ном кардааст. Тақдири Фаромуз Иргашев, ягона номзади мустақил аз шаҳри Хоруғ норӯшан аст.

Бар асоси хабари КМИРТ, панҷ номзади сабтшуда инҳо мебошанд:

-Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ

-Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалистӣ

-Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ

-Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ

- Эмомалӣ Раҳмон, аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил, Иттифоқи ҷавонон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон.

Наврӯз Самадзода, котиби комиссия рӯзи 14-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳуҷҷатҳои Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ низ дар баррасӣ мебошанд. Саидҷаъфар Усмонзода дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз Комиссияи марказии интихобот ҷаласа дорад ва масъалаи сабти ӯ маълум мешавад.

Бо ин вазъ тақдири сабти номи Фаромуз Иргашев, ягона номзади худпешбар номаълум аст. Дар хабарномаи КМИРТ гуфта мешавад, ки то рӯзи 10-уми сентябр танҳо аз шаш ҳизби сиёсӣ, Иттифоқи касабаи мустақил ва Иттифоқи ҷавонон санадҳо барои сабти ном пешниҳод шудаанд.

Фаромуз Иргашев рӯзи 14-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "мутаасифона, натавонистем он миқдор имзо ҷамъ кунем" Ду рӯз қабл ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои сабти номзадиаш ба мақоми раиси ҷумҳур қариб 72 ҳазор имзо ҷамъ кардааст. Барои сабти ном шудан ба ҳайси номзад дар интихоботи президентӣ ҳадди аққал 260 ҳазор имзои раъйдиҳандагон зарур аст.

Рӯзи 11-уми сентябр муҳлати ҷамъ кардани имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзадҳо ба поён расид. Қарор аст, фардо шаҳодатномаи номзади интихоботи президентӣ ба номзадҳои сабтшуда супорида шавад. Маъракаи таблиғи номзадҳо ҳам баъд аз рӯзи 15-уми сентябр ва гирифтани шаҳодатномаи номзадӣ оғоз мешавад.

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор мешавад. Аз ҳоло бисёриҳо тахмин мезананд, ки натиҷаи интихобот маълум аст ва иштироки чанд нафар ба ҳайси номзад танҳо барои пуррақобат нишон додани интихобот аст. Назаре, ки тарафдорони ҳукумат ва номзадҳои сабтшуда онро рад мекунанд.

Аз ҳафт ҳизби сиёсии сабтшуда дар Тоҷикистон, танҳо Ҳизби сотсиал-демократ дар интихобот ширкат надорад. Ин ҳизб, ки ягона нерӯи мухолиф дар дохили кишвар ном бурда мешавад охири моҳи август эълон кард, интихоботро таҳрим ё бойкот мекунад.

XS
SM
MD
LG