Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гурӯҳи 24" аз боздошти яке аз пайравонаш дар Русия хабар дод


Яке аз қароргоҳҳои пулис дар Русия. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз қароргоҳҳои пулис дар Русия. Акс аз бойгонӣ.

Созмони дар Тоҷикистон мамнуи "Гуруҳи 24" аз боздошти як узваш дар Русия хабар дод. Масъулини ин созмон гуфтанд, Шобуддин Бадалов рӯзи 1-уми сентябр дар шаҳри Нижний Новгород боздошт шуда, ба самти номаълум бурда шудааст.

Ба гуфтаи масъулини "Гуруҳи 24", “якчанд нафар худро корманди шуъбаи 5-уми Раёсати корҳои дохилӣ муаррифӣ карда", ӯро бо худ бурданд ва маҳалли боздошти Бадалов ҳоло маълум нест.

Созмони дар Тоҷикистон мамнуи "Гуруҳи 24" дар баёнияе гуфтааст, боздошти Шобуддин Бадаловро ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ рабт медиҳад ва мақомоти тоҷикро ба ин кор алоқаманд медонанд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон ва Русия то ҳол дар бораи боздошти Шобуддин Бадалов расман ибрози назар накардаанд ва маълум нест, ки боздошти узви “Гуруҳи 24” ба кадом хотир аст.

Ин бори дуввум аст, ки Шобуддин Бадалов, намояндаи "Гуруҳи 24" дар Русия боздошт мешавад. Пеш аз ин моҳи июни соли равон дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав Шобуддин Бадалов ва Раҳматҷони Муҳаммад пикети эътирозӣ доир карданд. Мақомоти интизомии Русия ин ду узви созмони дар Тоҷикистон мамнуи "Гуруҳи 24"-ро дастгир ва онҳоро ба 15 рӯз ҳабс маҳкум карда буданд.

"Гурӯҳи 24", ки соли 2012 таъсис ёфтааст, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнӯъ эълон шуд. Дар пайи он даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз "Гурӯҳи 24" боздошту зиндонӣ шуданд.

Ин созмонро тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст. Худи ӯ соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд.

XS
SM
MD
LG