Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 100 нафар дар Афғонистон қурбонии селу обхезиҳо шуданд


Чорикор, вилояти Парвон. 26 август
Чорикор, вилояти Парвон. 26 август

Боронгариҳои шадиди рӯзҳои ахир ва обхезиҳое, ки дар паи он сар зад, дастикам 100 нафарро кушта ва даҳҳо нафарро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт. Воҳиди Шоҳкор, сухангӯи ҳукумати вилояти Парвон, ки дар шимоли Кобул ҷойгир аст, гуфт, ки эҳтимоли афзоиши шумори қурбониҳо вуҷуд дорад, чун бисёр қурбониҳо ҳамоно зери овори хонаҳояшон боқӣ мемонанд. Абдулқосим Сангин, раиси беморхонаи вилоятии Парвон дар шаҳри Чорикор гуфт, ки то субҳи 26 август ба ин муассиса ҷасади 68 кушташуда ва 90 тани захмӣ интиқол дода шуд. Сангин гуфт, ки аксари кушташудаҳо занону кӯдакон мебошанд.

Мақомот гуфтанд, ки сел шабонгоҳ сарозер шуд ва бисёр мардум дар хонаҳо дар хоб буданду аз офати омада бехабар қурбонии он шуданд. Ба гуфтаи Воҳиди Шоҳкор, дар ин офатҳо хонаҳои бисёр сокинони маҳаллӣ хароб шудааст. Чорикор дар 60-километрии пойгоҳи низомии Багром ҷойгир аст. Мақомот гуфтанд, ки ҳукумати марказӣ гурӯҳҳои наҷотро барои ёрии изтирорӣ ба Парвон сафарбар кардаанд ва президент Ашраф Ғанӣ амр дод, ки ба мардум кӯмаки башарӣ ироа шавад.

XS
SM
MD
LG