Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Корҳои фаҳмондадиҳӣ" баъд аз эътирози ҷавонон аз "маъракаи риштарошӣ" дар Ванҷ


Эътирози ҷавонон дар ноҳияи Ванҷ. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Эътирози ҷавонон дар ноҳияи Ванҷ. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Мақомоти ноҳияи Ванҷ мегӯянд, бо гуруҳе аз ҷавонон, ки бо нишони эътироз аз "маъракаи риштарошон" рӯзи 12-уми август назди бинои ҳукумат ҷамъ омада буданд, "корҳои фаҳмондадиҳӣ" анҷом медиҳанд ва сабаби норозигии онҳоро таҳқиқ мекунанд.

Ҷаббори Қосим, раиси ноҳияи Ванҷ рӯзи 15-уми август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо ин гуруҳи ҷавонон суҳбатҳо анҷом дода мешавад ва ҳамчунин мақомот сабаби норозигии онҳоро таҳқиқ мекунанд.

Аммо сокинони ноҳияи Ванҷ гуфтанд, ки ҳоло 6 нафар аз ширкаткунандагони эътироз пайваста ба идораҳои мақомоти интизомӣ даъват мешаванд ва эҳтимол меравад, нисбати онҳо парванда боз гардад. Раиси ноҳияи Ванҷ ин иттилоро тасдиқ ва ё рад накард.

Дар наворе, ки рӯзи 12-уми август дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки наздики 100 нафар назди бинои ҳукумати Ванҷ ҷамъ омадаанд. Сабаби ҷамъ омдани онҳо дар навор рушан фаҳмида намешавад, вале ба гуфтаи шоҳидон, онҳоро ба риштарошӣ маҷбур кардани як гуруҳи кории ҳукумати маҳаллӣ нигарон кардааст.

Мақомот фаъолияти гуруҳи кориро тасдиқ мекунанд, вале мегӯянд, касеро ба риштарошӣ маҷбур накардаанд.

Чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои коҳиши ифротгароӣ мубориза мебаранд ва ҷавононро ташвиқ мекунанд, то аз пушидани либоси бегона ва тақлид ба бегонаҳо худдорӣ кунанд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуруҳе аз ришдоронро афроди шубҳанок унвон намуда, дар аксар маврид онҳоро бозҷӯӣ мекунанд. Мардоне, ки мӯйлабҳои покиза тарошида ва риши панҷашакли бетартиби парешон доранд, шубҳаи мақомотро бештар ба бор меоранд. Қаблан мақомот гуфта буданд, ки ин гуна ҷавонон бо шакли зоҳирӣ ба равияи салафӣ пайравӣ мекунанд. Ин равия аз соли 2009 дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст.

Аммо сокинон ва бархе рӯҳониён инро баҳона медонанд ва мегӯянд, мақомот ба ҳарими хусусии онҳо дахолат ва озодиҳои мазҳабии онҳоро маҳдуд мекунанд.

Як сокини ноҳияи Ванҷ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, ҷавононро рафтори гуруҳи корие ба хашм овард, ки дар ҳар деҳа бо ҷавонони ришдор сӯҳбат карда, онҳоро ба риштарошӣ маҷбур мекунанд.

Мақомот дар ноҳияи Ванҷ мегӯянд, воқеан гуруҳи корие пеш аз сафари президент ба вилояти Бадахшон, ки эҳтимол моҳи сентябр сурат гирад, миёни ҷавонон "корҳои фаҳмондадиҳӣ" анҷом медиҳанд.

Аброр Ҷумъаев, раиси ҷамоати ба номи Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ, ки ин гуруҳро ҳамроҳӣ кардааст, мегӯяд, касеро ба риштарошӣ маҷбур накардаанд.

“Фақат мо гуфтем, ки агар риш мегузоред, онро ботартиби хушрӯ гузоред. Ҳама хуб қабул намуданд ва ҳеҷ кас норозигӣ баён накарда буд. Мо дар як маҷлис будем, ки гуфтанд, бачаҳо ҷамъ шудаанд”,- гуфт Аброр Ҷумъаев.

Маркази ноҳияи Ванҷ дар ҳудуди ҷамоати Маҳмадулло Абдуллоев дохил мешавад. Раиси ин ҷамот гуфт, на ҳамаи ҷавонони эътирозгар сокинони ин ҷамот буданд. Ӯ гуфт, ки ҳоло “хабаре дар бораи ин ҷавонон надорад ва бо онҳо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ сару кор доранд”.

Ин эътироз дар ҳоле баргузор шуд, ки ҳафтае пеш аз он Фурқат Ҳукуматов, раиси бахши ҷавонони Ванҷ дар як навори видеоӣ дар Фейсбук гуфт, ки дар Ванҷ аз ҷониби мақомот як гуруҳи кории махсус таъсис дода шудааст ва ду рӯзи аввали кори ин гуруҳи корӣ бисёре аз ҷавонони Ванҷ “риши худро тарошида, симои ҷавонӣ, яъне симои зоҳирии худашонро дубора эҳё карданд”.

Департаменти давлатии Амрико чаҳор соли ахир Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳое шомил кардааст, ки пайваста ва ба таври доимӣ “озодиҳои диниро ошкоро маҳдуд кардаанд ва ё поймол кардани ҳуқуқи мазҳабиро нодида гирифтаанд.”

Мақомоти Тоҷикистон бо чунин арзёбӣ розӣ нестанд ва мегӯянд, "баҳогузории Амрико воқеиятро инъикос намекунад".

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG