Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки дар 15 рӯзи оянда миёни Тоҷикистон ва Русия 55 парвоз ба роҳ монда мешавад.
Хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 15-уми август изҳороти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро нашр кардааст.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ин парвозҳоро ширкати "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" аз шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Қазон, Краснодар ва Сургут ба Душанбе анҷом медиҳанд.
Ҳамарӯза аз шаҳрҳои мухталифи Русия ба Тоҷикистоне аз 3 то 4 парвоз сурат хоҳад гирифт.
Ба гуфтаи манбаъ, мусофироне ба ин парвозҳо роҳ меёбанд, ки “аз ҷониби сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия номнавис мешаванд”.
“Ҳамзамон, афзалият ба гурӯҳҳои осебпазири шаҳрвандон, пеш аз ҳама, беморон, занони дорои кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки қаблан ба Русия бо сафари хизматӣ рафтаанд, дода мешавад”,-гуфта шудааст дар ин изҳорот.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки шаҳрвандон барои бозгашт бояд ба почтаи электронии charter-russia@mfa.tj муроҷиат кунанд.
Дар изҳорот таъкид мешавад, ки шаҳрвандон пеш аз бозгашт бо худ бояд маълумотнома дар бораи бемори коронавирус набудан дошта бошанд ва ин маълумотнома ҳам то 4 рӯз, яъне 96 соат пеш аз бозгашт гирифта шуда бошад. Кӯдакони то се сола ба чунин маълумотнома ниёз надоранд.
Дар ин сурат афроде, ки аз хориҷа бармегарданд, карантин намешаванд.
Тоҷикистон аз охири моҳи март ба хотири ҷилавгирӣ аз коронавирус парвозҳо ба хориҷаро қатъ кард. То ҳол танҳо тариқи парвозҳои чартерӣ ва ба таври маҳдуд шаҳрвандонро аз хориҷа ба ба ватан бармегардонанд.