Албания шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Комрон Зуҳуровро, ки ба узвият дар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ муттаҳам мешавад, ба мақомоти Олмон таслим кардааст. Додситонӣ рӯзи сешанбе гуфт, ин гурӯҳ қасд дошт ба муассисаҳои низомии Амрико дар Олмон ҳамла кунад.
Додгоҳе дар Тирана, пойтахти Албания моҳи июни имсол гуфта буд, Зуҳуровро "бо сабаби эҳтимолан мавриди шиканҷа қарор гирифтанаш" ба Русия ва Тоҷикистон намефиристад.
Чаҳор шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар миёнаҳои моҳи апрели имсол дар Олмон боздошт шуда буданд ва раҳбари эҳтимолии онҳо аз моҳи марти соли 2019 ба ин тараф дар боздошт ба сар мебарад.
Тафтишот мегӯяд, Комрон Зуҳуров ва гумонбарони дигар дар моҳи январи соли 2019 ба сафи ДОИШ пайваста, ният доштанд ба Тоҷикистон сафар кунанд ва бо ҳукумати он кишвар мубориза баранд.
Комрон Зуҳуровро моҳи майи имсол бо дархости Олмон дар Албания боздошт карданд.
Вакили дифои Зуҳуров – Аслан Додҷанӣ дар додгоҳ гуфтааст, нафари зери ҳимояти ӯ иттиҳоми тафтишоти Олмонро рад кардааст. Додҷанӣ гуфтааст, пеш аз ҳабсаш Зуҳуров давоми ду сол дар Олмон зиндагӣ мекард ва моҳи феврали имсол ба Албания барои дидани холааш рафт.
Вакили дифои ҷавони тоҷик гуфтааст, ӯ худро ихтиёран ба полис таслим кард.
Мақомоти Олмон рӯзи 15-уми апрел эълон карданд, ки панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони тарҳрезӣ ва қасди ҳамлаи террористӣ дар сарзамини Рейни Шимолӣ-Вестфалия боздошт кардаанд. Яке аз ин гумонбарон як сол пеш боздошт шуда дар зиндон қарор дошт.
Додситонии ин кишвар аз онҳо Азизҷон Б., Муҳаммадалӣ Г., Фарҳодшоҳ К., Суннатуллоҳ K. ва Равшан Б. ном бурд.