Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги қарзии Тоҷикистон дар баҳогузории Moody’s тағйир накардааст


Оҷонси байнулмилалии Moody’s рейтинги қарзии дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати Тоҷикистонро бо асъори милливу хориҷӣ дар сатҳи "В3 рушди устувор" арзёбӣ кардааст. Баҳо ё рейтинги қарзии Тоҷикистон дар муқоиса бо арёзбиҳои қаблӣ тағйир накардааст.

Дар изҳроте, ки дафтари Moody’s дар шаҳри Сингапур нашр кард, чанд заъфи иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла мизони ками “даромад бар сари аҳолӣ”-ро зикр карда, ҳамзамон гуфтаанд кишвар дар арсаи гидроэнергетика зарфияти бузурге барои рушд дорад.

Дар шароити буҳрони ба вуҷудомада аз коронавируси нав мақомдорон дар Тоҷикистон дар сатҳи соли қаблӣ боқӣ мондани рейтинги қарзии кишварро як дастоварди хуб арзёбӣ мекунанд.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи 16-уми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, “новобаста аз таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисоди кишвар, рейтинги кредитии соҳибихтиёрии давлатӣ дар сатҳи солҳои гузашта (B3 аз ҷониби Moody’s) нигоҳ дошта шуд, ки ин низ аз дастовардҳои муҳим аст”.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд интишори натиҷаҳои баҳодиҳии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии кишвар яке аз талаботи асосии ворид шудан ба бозорҳои байналмилалии сармоя аст ва дар рушди сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилоти молиявии байналмилалӣ, бонкҳои сармоягузорӣ ва шарикони рушд нақши мусбат дошта метавонад.

XS
SM
MD
LG