Хадамоти амнияти федеролии Русия, ки бо номи ФСБ маъруф аст, дар бораи "пешгирӣ шудани як ҳамлаи террористӣ дар макони таҷаммӯи нафарони зиёд дар Маскав" хабар дод. Матбуоти Русия бо такя ба ин ниҳод навишт, шахси гумонбар "як зодаи Осиёи Марказӣ буд" ва дар тирандозие дар шаҳри Химки кушта шуд.
Имкони санҷиши дурустии ин хабар тавассути манобеи мустақил вуҷуд надорад, вале ба навиштаи ФСБ, ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи тафтишотии Русия "тавонист пеши роҳи як узви созмони террористиро бигирад, ки мехост, дар макони пуриздиҳом ҳамлаи террористӣ анҷом диҳад".
Аз ин шахс ҳуҷҷатҳое дарёфт шудаанд, ки бино бар онҳо вай зодаи Тоҷикистон буда, 19 сол дошт. Хабари расмии мақомоти Русия дар бораи ҳувияти ин шахс ва ҷузъиёти дигари марбут ба амалҳои ӯ чизе намегӯяд.
Дар ривояти ин ҳодиса омадааст, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар як маҳалле бо гаражҳои холишудаи шаҳри Химки "марди шубҳанокро шинохтанд, ки ҳангоми боздошт аз тири туфанге оташ кушод". Аз ин мард гӯиё автомати
АК-74, се норинҷак ва захирагоҳи тир мусодира шудааст.
Иловатан, ба гуфтаи мақомот, дар хонаи марди гумонбар "собит шудааст, ки ин шахс бо гумоштаҳои узви созмони байналмилалии террористӣ дар Сурия дар тамос ва дар фикри ташкили тирпаронии ҷамъиятӣ буд". Гӯиё ин мард мехостааст ба Сурия барои пайвастан ба гурӯҳҳои ҷангҷӯ биравад ва бародараш мехост пеши роҳи ӯро бигирад.
Бародари ин мард боздошт шудааст.
Дар гузашта бархе наздикони муттаҳамони гӯё даст доштан дар амалҳои террористӣ дар Русия ва ҳам ҳомиёни ҳуқуқ аз ношаффоф будани чунин парвандаҳо интиқод карда гуфтаанд, ки ҳолатҳои сохтакорӣ ва муттаҳам кардани афроди бегуноҳ дар чунин ҷиноятҳои сангин кам нест. Бархе фаъолон мегӯянд, ки гоҳе ба хотири боло бурдани омори марбут ба пешгирӣ аз ҷиноятҳои сангин сохторҳои ҳифзи қонун дар Русия қишри осебпазир ва беҳимояти мисли муҳоҷирони Осиёи Марказиро дар нақшаҳои сохтакории ҷиноятҳои марбут ба ифротгароиву терроризм истифода мекунанд.