Рӯзи 27-уми июл шумори гирифторони коронавируси нав дар саросари ҷаҳон аз 16 миллион нафар бештар шуд. Амрикову Бразилия, Ҳинд ва Русия дар садри кишварҳое ҳастанд, ки аз бемории ҳамагир осеби ҷиддӣ дидаанд. Дар Тоҷикистон шумори беморон рӯзи 26-уми июл ба 7192 нафар баробар шуд. Бовар меравад, омори воқеии гирифторони вирус дар Тоҷикистон аз ин ҳам бештар аст.
Аз моҳи декабри соли 2019, ки бори аввал дар бораи ошкоршавии коронавируси нав дар Чин хабар доданд, то имрӯз беш аз 16 миллион нафар дар саросари ҷаҳон ба ин вирус олуда шуда, зиёда аз 646 ҳазор кас ҷон бохтаанд. Вуҷуди коронавирус дар 210 кишвари ҷаҳон тасдиқ шудааст.
Мавридҳои зиёди олудашавӣ дар Амрико сабт шудааст. То рӯзи 27-уми июл дар ин кишвар беш аз 4,2 миллион бемор шуда, наздики 147 ҳазор нафар фавтидаанд.
Бразилия бо 2,4 миллион бемор ва беш аз 87 ҳазор мавриди фавт аз коронавируси нав дар ин феҳрист дар ҷойи дувум аст. Русия, ки кишвари дигари серҷамъияти осебдида аз вирус мебошад, баъди Ҳинд дар ҷойи чорум буда, дар ин кишвар шумори олудашудаҳо беш аз 811 ҳазор ва талафоти инсонҳо беш аз 13 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Дар миёни кишварҳое, ки афзоиши ҳолатҳои олудагӣ ба коронавирус мушоҳида мешавад, панҷ давлати Осиёи Марказӣ ҳам ёд мешаванд. Дар ин қаламрав шумори умумии олудашудаҳо аз 144 ҳазор нафар гузашт ва Қазоқистон бо беш аз 83 ҳазор ҳолати олудагӣ ва 585 талафот дар ҷойи аввал аст. Вале аз назари талафоти инсонҳо вазъи Қирғизистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиддан мавриди нигаронӣ аст.
Дар ин кишвар то имрӯз беш аз 33 ҳазор нафар ба коронавируси нав олуда шудаанд, вале талафот 1301 нафарро ташкил додааст.
Тоҷикистон ва "дурустии омор" ба қавли вазири беҳдошт
Мақомоти Тоҷикистон шумори умумии гирифторони коронавирусро 7192 нафар ва талафот бар асари COVID-19-ро 59 нафар мегӯянд, вале дар феҳристи ғайрирасмӣ шумори фавтидагон бар асари коронавирус бештар аст. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 24-уми июл дар нишасти хабарӣ омори расмиро дар бораи коронавирусро "дуруст ва воқеӣ" номид.
Шубҳа ба омори расмӣ аз он ҷост, ки мақомоти тоҷик баъди ҳафтаҳо пойфишорӣ ба набуди коронавирус дар Тоҷикистон танҳо 30-юми апрел вуҷуди вирусро дар кишвар эътироф карданд. Мунаққидон мегӯянд, бо вуҷуди шаҳодати бисёр сокинон дар бораи олудагӣ ва ё марги наздиконашон аз коронавирус дар хонаву беморхонаҳо, омори расмӣ зиёд тағйир намеёбад.
Рӯзи 26 июл вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар 24 соати гузашта дар кишвар 42 ҳодисаи нави олудагӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд ва шумори умурии гирифторон 7192 нафарро ташкил додааст. Аз ин миён, ба қавли мақомот, 83 дарсад шифо ёфтааст.
Вазъ дар Флоридаи ИМА ва осоишгоҳи маъруфи Ветнам
Дар ИМА рӯзи якшанбе аёлати Флорида баъди Калифорния дуюмин минтақаи осебдидаи вирус шуд ва аз назари сангинии вазъ аз Ню-Йорк гузашт. Дар ин минтақаи офтобии ИМА дар як рӯз 9,3 ҳазор нафари нав ба коронавирус олуда шуда, шумори умумии беморон ба 424 ҳазор нафар наздик шуд.
Ню-Йорк, ки чанд моҳ пеш дар феҳристи иёлоти олудашуда дар ҷои аввал буд, ҳоло бо беш аз 415 ҳазор ҳолат дар ҷои сеюм қарор дорад.
Дар гӯшаҳои дигари ҷаҳон ҳам ҳолатҳои афзоиши ногаҳониву бесобиқаи олудашавӣ ба вируси нав мушоҳида мешавад. Reuters хабар медиҳад, ки баъд аз ташхиси мусбати шаш сокини як макони маъруфи туристии Дананг дар рӯзҳои шанбеву якшанбеи гузашта, мақомот 80 ҳазор нафар, аксар туристонро аз ин маҳал берун меоранд. Ҳукумати Ветнам рӯзи душанбе гуфт, дубора ба ҳолати омодабош қарор гирифт. Бори охир дар ин макон моҳи апрел ҳолатҳои олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Қарор аст маъракаи берунории мардум ё эвакуатсия чор рӯз идома ёбад. Ҳамарӯза аз Дананг ба 11 шаҳри Ветнам тахминан 100 парвоз анҷом мешавад.
Кореяи Шимолӣ, ки то охир вуҷуди коронавирусро дар кишвар рад кардааст, рӯзи якшанбе дар бораи эҳтимлан аввалин ҳодисаи олудагӣ ба вируси нав хабар дод. Вале мақомот дар Кореяи Ҷанубии ҳамсоя мегӯянд, зоҳиран мақомоти Пхенян марди аз марз убуркардаро дар назар доранд, ки ба иттилои онҳо, нишонаҳои коронавирусро надошт. Мақомоти Кореяи Шимолӣ марди авалини олудашуда ба вирусро ҳамчун шахси гумонбар дар содир кардани ҷиноят ва як фирорие тасвир мекунанд, ки се сол пеш ба Кореяи Ҷанубӣ рафт ва ахиран дубора ба Шимол баргашт. Ӯро марди 24-солае меноманд, ки моҳи июн ӯро зане дар бадрафтории ҷинсӣ муттаҳам кардааст.