Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Натарседу муолиҷа кунед". Таҷрубаи онҳое, ки мегӯянд аз COVID-19 шифо ёфтаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бархе аз сокинони Тоҷикистон, ки нишонаҳои бемории COVID-19-ро дошта, бо тавсияи пизишкон дар хона табобат гирифтаанд, мегӯянд, "барои пирӯз шудан пеш аз ҳама тарсро аз сар дур кард ва ҷиддан аз пайи муолиҷа шуд". Шумори расмии онҳое, ки то 9-уми май дар Тоҷикистон ба коронавируси нав сироят шудаанд, ба 612 нафар расид. 20 нафар ҳам ҷони худро аз даст додаанд. Мақомот рӯзи 10-уми май ҳеч омореро дар бораи гирифторон ва фавтидагон эълон накарданд.

Бархе аз онҳое, ки нав аз бистари беморӣ хестаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз таҷрубаи худ барои дармони COVID-19 ба дигарон нақл мекунанд.

Ҳабиб Ҳакимов, овозхони тоҷик, мегӯяд, даҳ рӯз бо ин беморӣ дар шароити хона, вале тибқи тавсияи табибон, мубориза бурд ва ҳоло вазъаш беҳтар шудааст.

Дарди гулӯ ва беҳолии шадид аз аввалин нишонаҳое будааст, ки Ҳабиб Ҳакимовро ба фикри ин беморӣ бурд. Ӯ рӯзи 11-уми май гуфт, ҳарчанд табу сулфа надошт, чанд рӯз рӯйи ҳам беҳолу беҳаракат буд.

"Баъдтар дар қафаси сина дард пайдо шуда, нафастангӣ азият медод. Ба беморхона нарафтам, вале пизишкон дар сӯҳбати телефонӣ гуфтанд, ки нишонаҳои бемории COVID-19 ро дорам", - нақл кард ӯ.

Овозхони тоҷик мегӯяд, чун аз пайомадҳои нохуши бемории ҳамагир огоҳ буд ва ҳар рӯз хабарҳои фавти одамонро бо эҳтимоли гирифторӣ ба вирус мехонд, аввал каме тарсид, вале баъдан худро аз дигарон ҷудо кард.

"Ба ман синк, як доруи зиддивирусӣ, паратсетамол ва чанд навъи витамин тавсия доданд. Доруҳои тавсиядодаи духтуронро гирифтам. Дар як рӯз аз 3 то 5 бор дар об соддаву намак ва панҷ қатра йод андохта, гулӯро низ тоза менамудам ва онро нафас мекашидам. Ҳар ним соат об менушидам", - гуфт ӯ.

Ҳабиб Ҳакимов дар мисоли худ мегӯяд, руҳияи қавӣ ва ҳаракати зиёд барои зудтар раҳо ёфтан аз ин беморӣ кумак мекунад. Вай аз таъкиди духтураш ёд меорад, ки гуфтааст ҳатман бояд ҳаракат кунад ва камтар бихобад, дар акси ҳол беморӣ ӯро заиф ва ҳолашро бадтар мекунад.

Ӯ афзуд, барои COVID-19 озмоиш ё тест насупорид, аммо натиҷаи ташхиси рентгенӣ муайян кард, ки ӯ "бронхити музмин" ва "каме сармохӯрдагии шуш" дорад. Пас аз даҳ рӯзи муолиҷа ташхиси дубораи томографӣ нишон додааст, ки ӯ пурра шифо ёфтааст.

"Ваҳму таҳлука одамро зудтар аз по меафтонад. Бояд воқеиятро ором ва тавре ҳаст, қабул кард ва ҷиддан аз пайи табобат шуд", - машварат дод овозхон.

Ба фарқ аз Ҳабиб Ҳакимов, сокини дигари шаҳри Душанбе бо номи Насим мегӯяд, ин беморро вазнин пушти сар кард. Бо гузашти ҳудудан 15 рӯз агарчӣ дигар таб надорад, ҳамоно эҳсоси хастагӣ ва беҳолӣ мекунад.

Насим варзишгар аст ва мегӯяд, шояд қавӣ будани масунияташ ба ӯ кумак кард, ки тавонад ба шакли ба гуфтаи вай вазнини ин дард муқобила кунад. "Рӯзи аввал тамоми устухони баданам, махсусан пойҳо месӯхтанд, дарди миён ҳам сар шуд. Рӯзи дуюм бо таби баланд аз хоб хестам. Рӯзаро хӯрдам. Баъд дарди шикам сар шуд, гоҳе нафасам мегирифт. Дувоздаҳ рӯз дар хона хоб кардаву муолиҷа намудам", - нақл кард вай.

Насим мегӯяд, бо тавсияи духтурон дар хона худро муолиҷа кард: "Кӯшиш мекардам, ки зуд-зуд хӯрок ва мева хӯрам. Вақте ғизои тоза ба тоза истеъмол мекунед, бадан барои мубориза бо беморӣ қавитар мешавад."

Мусоҳиби мо ба ин бовар аст, ки ӯ марҳилаи аз ҳама сахти бемориро пушти сар кард. Ҳоло худро беҳтар ҳис мекунад, аммо ҳамоно бӯй ва маззаи хӯрокро эҳсос намекунад ва каме бемадорӣ дорад.

Ба далели пур будани аксар беморхонаҳо дар шаҳр, онҳое, ки мисли мусоҳибони мо дар худ нишонаҳои вирусро мушоҳида кардаанд, мегӯянд, дар хона муолиҷа мекунанд.

Дар беморхона онҳое қабул мешаванд, ки вазъашон хеле бад аст ва тавассути мошини Ёрии таъҷилӣ бурда мешаванд. Табибон ҳам хона ба хона гашта, таъкид мекунанд, ки агар нишонаҳои зуком ё шамолхӯрдагӣ доранд, ба онҳо телефонӣ тамос гиранд.

Фирӯза Абдуллоева, раиси созмони ҷамъиятии “Авесто”, чанде пеш аз ин беморӣ раҳо ёфтааст. Ӯ тавсия медиҳад, ки калонсол ва шахсоне, ки беморанд, бояд бо табибони оилавии худ дар тамос бошанд.

Ҳамчунин аз таҷрибаи худ мегӯяд, қабл аз бемор шудан солҳои зиёде бо варзиш ва шиноварӣ машғул буд ва ҳамин кумакаш кард, ки бемориро дар фурсати кӯтоҳ ва сабук пушти сар кунад.

Ба Мадина, мусоҳиби дигари мо, ки озмоиш муайян кард, гирифтори СOVID-19 шудааст, ин хабарро духтурон телефонӣ расондаанд.

Супурдани тест дар кишвар ҳоло кори осон нест. Мадина мегӯяд, бо талоши зиёд ба ӯ ин имкон даст дод ва духтури оилавие, ки барои огоҳ кардан аз натиҷаи тест занг зада буд, кӯшиш мекард хеле боэҳтиёт дар бораи мусбат будани натиҷаи озмоиш хабар диҳад.

Аммо Мадина мегӯяд, сиҳатии ӯ он лаҳза хеле беҳтар шуда буд ва ин хабарро хеле оддӣ қабул кард: "Гуфтам, агар ин вирусро дорам, ҳеч гап нест, наметарсам зудтар бигӯед. Вай, ки хеле нигарон буд, ором шуд ва билохира гуфт, натиҷа мусбат аст. Баъдан он духтур нақл кард, ки вақте натиҷаро ба беморон мегӯянд, аксарият ба тарсу ваҳм меафтанду гиря мекунанд."

Мусоҳибони мо мегӯянд, дар шароити феълӣ, ки мардум бештар аз пайомадҳои беморӣ нигаронанд, хуб аст, афроди шифоёфта аз таҷрибаи худ ба дигарон бигӯянд.

Парвина Зуҳурова, тоҷики муқими Амрико, яке аз аввалин тоҷиконе буд, ки дар навори видеоӣ дар Фейсбук аз таҷрибаи табобати худу хонаводааш ба дигарон нақл кард. Ин навор, ки дар мавзӯи барои ҳама муҳим буд, хеле хуб қабул шуд ва садҳо нафар бо суолҳои худ ба Парвина муроҷиат карданд.

"Мардум ҳар қадар дар ин бора маълумоти бештар дошта бошанд, метавонанд пешгирӣ ва мубориза кунанд", - мегӯяд Парвина Зуҳурова.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 7-уми май бо фиристодани паёмак ба телефонҳои сокинон бо такя ба қавли пизишки эронӣ эълон кардааст, ки 85 дар сади гирифторони COVID-19 бидуни табобат сиҳат мешаванд. Бо ин паёмак линки сӯҳбати духтурро ҳам фиристодаанд.

То 9-уми май дар шифохонаҳои саросари кишвар ҳудуди панҷ ҳазор кас зери назорати пизишкон буда, даҳҳо нафар ба хонаҳояшон ҷавоб шудаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG