Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия барои маош "ошӯб" бардоштанд. ВИДЕО


Даҳҳо муҳоҷири тоҷику узбек рӯзи 13-уми июл дар маҳалли сохтмони корхонаи коркарди газ дар вилояти Амури Русия "ошӯб" бардоштанд. Муҳоҷирон сабаби хашму эътирози худро ба кам пардохт шудани маош рабт доданд. Масъулони ширкат мегӯянд, муҳоҷирон аз 15 то 20 рӯз дар карантин буданд ва кор накарданд, аз ин рӯ, маошашон пурра пардохт нашуд.

Паймонкори асосии сохтмони корхонаи коркарди гази "Газпром" ширкати туркии "Ренесанс ҳиви индастриз" будааст.

Бино ба наворҳои дастрасшуда, муҳоҷирон аввал як мошинро чаппа кардаву баъдан ошхона ва чанд бинои муваққати маъмурӣ ва ҷиҳози хобгоҳро тагурӯ намудаанд. Саҳнаҳои сангандозӣ ва шикастани тирезаи хобгоҳ низ дида мешавад.

Алиҷон, муҳоҷири кории тоҷик дар вилояти Амур, рӯзи 13-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷирон вобаста ба кор ва тахассус дар ин сохтмон моҳе аз 40 то 50 ҳазор рубл маош мегирифтанд, вале кордиҳанда моҳи гузашта ба онҳо 18 ҳазор рублӣ доддааст.

"Чанд рӯз нақша кашида буданд, ки ҳамин хел кор мекунанд. Имрӯз заданд ва ҳама ҷойро вайрон карданд. На мағоза монду на идора ва на ошхона. Ҳамаро вайрон карданд", -- гуфт ӯ.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, аз кам пардохт шудани маошаш нороҳат аст, аммо ба ошӯбгарон ҳамроҳ нашудааст.

Муҳоҷирони тоҷик барои маош ҷанҷол бардоштанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Намояндагони ширкати "Ренесанс ҳиви индастриз" дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, кам пардохт шудани маоши кормандон чанд сабаб дорад. Як сабаби кам пардохт шудани маоши қисме аз коргарон, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, ин аст, ки моҳи июн тақрибан аз 15 то 20 рӯз кор накардаанд ва дар карантин нигоҳ дошта мешуданд.

"Бо вуҷуди хатари сирояти коронавирус муҳоҷирон рӯзи Иди Рамазон намози ҷамоат доир карданд. Дар натиҷа, бисёриҳо ба коронавирус гирифтор шудаву ширкат маҷбур шуд кори сохтмонро таътил ва реҷаи каратин ҷорӣ кунад", -- гуфт як мусоҳиби мо дар ширкати "Ренесанс ҳиви индастриз".

Ба қавли ин намояндаи ширкат, шартнома бо муҳоҷирон бо усули корбайъ баста шудааст ва агар кор иҷро нашуд, маош низ намешавад.

Муҳоҷирон иддао доранд, бо вуҷуди он ки кор таътил ва карантин ҷорӣ шуда буд, кордиҳанда ваъда дода буд маошро пурра медиҳад. Такяи муҳоҷирон ба фармони раиси ҷумҳури Русия аст, ки гуфта буд новобаста ба каратин кордиҳандагон бояд маоши коргаронро диҳанд.

Сабаби дувуми кам пардохт шудани маоши муҳоҷирон, ба гуфтаи намояндаи “Рененсанс ҳиви индастриз”, ситондани хароҷоти пули патент ва ҳуҷҷатгузории муҳоҷирон аз маошашон аст.

"Вақте коргар мегирем, барои ҳуҷҷатгузории ҳар муҳоҷир ҳудуди 13 ҳазор рубл харҷ мекунем. Ширкат дар аввал ин пулро аз маоши коргарон гирифт, баъдан ризо шуд онро баргардонад ва қарор буд то 15-уми июл сабр кунанд. Сабр накарданд, бисёр ҷойҳоро вайрон карда, ба ширкат зарар расониданд," -- ҳамсуҳбати мо дар ширкат.

Дар сохтмони корхонаи коркарди газ дар шаҳри Свободное дар вилояти Амури Русия беш аз 15 ҳазор муҳоҷири корӣ аз Осиёи Миёна, аз ҷумла ҳудуди 4 ҳазор тоҷик кор мекунанд.

Густариши коронавирус ва карантини саросарӣ дар Русия зиндагии бе ин ҳам сахти муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро дар ин кишвар сахттар кард. Хонаводаҳое, ки аксарият барои таъмини зиндагӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ омада, дар давраи пандемия дар хона банд монданд ё маоши кам гирифтанд, дар ҳолати ногувор қарор гирифтанд.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Ҷониби Тоҷикистон шумори онҳоро беш аз 400 ҳазор нафар ҳисоб кардааст, мақомоти Русия – беш аз як миллион нафар. Онҳо соли гузашта ба Тоҷикистон тақрибан 2,6 миллиард доллар фиристода буданд, вале дар се моҳи аввали имсол 359 миллион доллар фиристодаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 103 миллион доллар ё 22 дарсад камтар аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG