Насли кӯҳнаи муҳоҷирони тоҷик баъд аз солҳои дароз аз Русия як-як ба ватан бармегарданд, ҳарчанд медонанд, ки дар инҷо нафақаи кофӣ надоранд ва рондани даврони пирӣ ҳам осон нахоҳад буд. Онҳо мегӯянд, навбатро ба ҷавонҳое месупоранд, ки тавони кор дар сохмтону майдонҳои кишт ва тиҷорати Русияро доранд. Ҳафтаи гузашта хабарнигори Радиои Озодӣ дар Кӯлоб манзараи бозгашти як муҳоҷири 62-солаи тоҷикро шоҳид шуд ва достони тақрибан 20-солаи муҳоҷирати ӯро аз забони худаш шунид.
Абдусаттор Аҳроров, сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, мегӯяд, дар ин муддат дар ду сол як дафъа аз Русия ба кишвар омада, ҳамагӣ то ду моҳ дар канори наздиконаш мезист. Муҳоҷирати Аҳроров пас аз солҳо кор дар мактаби варзишии ноҳияи Фархор оғоз ёфтааст.
Ӯ Донишкадаи тарбияи ҷисмониро хатм карда, маълумоти олӣ дорад, аммо мегӯяд, маоши кам маҷбур карда буд, ки ба муҳоҷират равад. "Шукри Худо, чаҳор духтар, се писар ва нӯҳ набера дорам. Нахостам, ки дар таълиму тарбия ва рӯзгузаронии онҳо дасткӯтоҳ бошам ва барои ҳамин ба муҳоҷират рафтам," -- нақл кард ӯ.
Муҳоҷирате, ки ба гуфтаи коршиносон бисёриҳо муваққатан барои дарёфти маблағ ихтиёр мекунанд, то мушкилҳояшонро ҳал кунанд, аммо бо гузашти солҳо нохудогоҳ тамоми давраи ҷӯшу хурӯши умрро барои кор дар кишвари дигар мегузаронанд.
То чанд соли пеш Абдусаттор Аҳроров дар хона ягона ноновар буд. Ҳоло ду писараш маълумоти олӣ доранд ва кор мекунанд. Яке афсари низомист.
Ҳоло ӯ намехоҳад фарзандонашро ба муҳоҷират фиристад, чун ба гуфтааш, талхиву шӯрии онро чашидааст, вале наметавонад пеши роҳи ҳамаи ҷавонҳоро бигирад. "Аз як тараф муҳоҷират ногузир аст, чун одамон ба кору пул эҳтиёҷ доранд," -- мегӯяд ӯ ва мехоҳад, мақомоти ду кишвар дар бораи шароити кори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба хулосаи ниҳоӣ бирасанд.
Русия борҳо иддао кардааст, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкони хуби кориро фароҳам овардааст. Ҷониби Тоҷикистон баъзан гила мекунад, ки Русия муҳоҷиронро ба ҳайси фишанг истифода мекунад ва пешниҳодҳои онҳоро барои беҳбуди вазъи шаҳрвандон намепазирад. Айни чунин шикоятро охири моҳи ноябри имсол раиси Маҷлиси Намояндагон Шукурҷон Зуҳуров карда буд.
Яке аз масъалаҳое, ки ду тараф солҳо боз забон намеёбанд, пардохти нафақаи муҳоҷирон аст.
Абдусаттор Аҳроров ҳам ба ин мушкил рӯ ба рӯст. Ӯ мегӯяд, дар кишвар собиқаи кории кофӣ надорад ва аз ин сабаб ҳаққи бознишастагии хубе нахоҳад дошт. Бо вуҷуди онки тақрибан бист сол дар Русия кор карду андоз супурд, аз онҷо нафақа намегирад. "Умеди ягонаам ба фарзандон аст, ки солҳои дароз барояшон мушкилу ранҷи муҳоҷиратро таҳаммул кардам," -- афзуд ӯ.
Шерафган Авазов, сокини 29-солаи ноҳияи Фархор ва аз ҳаммаҳаллаҳои Абдусаттор Аҳроров, пас аз шунидани бозгашти муҳоҷири ботаҷриба ба аёдати ӯ омад. Ҳадафаш низ он аст, ки аз ҳамсоя шарту шароити муҳоҷирати кориро дар Русия бипурсад.
"Вазъи боду ҳаво ва кор чӣ хел аст дар онҷо? Барои онки сафар дорам. Аз вазъияти онҷо гап занед, ман бори аввал меравам," – пурсид Шерафган.
Абдусаттор Аҳроров дар ҷавоб гуфт: “Бояд ягон ҷойи муайяни зист дошта бошӣ, хешу табор дошта бошӣ, ки корро пеш барӣ. Агар ба дасти миёнравҳо афтӣ, истифодаат мебаранд. Бисёр ҷавонҳо мераванд ва ҷойи кор намеёбанд. Тоҷикони миёнрав онҳоро ба 200 рубл, 300 рубл аз саҳар то бегоҳ кор мефармоянд. Забони русиро хуб намедонанд. Дар он сурат дар онҷо кор кардан бисёр мушкил аст.”
Абдусаттор ба Шерафган, ин муҳоҷири ояндаи корӣ, аз таҳдиди миллатгароҳо низ қисса кард, ки ба гуфтааш борҳо аз хавфи ба дасти онҳо афтидан фирор кардааст.
Ҳарчанд тафсири воқеияти имрӯзи муҳоҷири кории тоҷик дар Русия барои Шерафган зиёд нороҳаткунанда буд, аммо гуфт, бояд биравад.
Абдусаттор Аҳроров мегӯяд, муҳоҷират асосан барои онҳое сахту мушкил аст, ки мавсимӣ ба Русия мераванд, чун пули бештари худро ба гирифтани иҷозаи кор ва пардохти андоз харҷ мекунанд ва бо мушкили ихроҷ рӯ ба рӯ мешаванд. Онҳое, ки ба гуфтаи ӯ шаҳрвандии Русия ва ё ҳаққи иқомат дар ин кишварро ба даст овардаанд, вазъи беҳтаре доранд. Фарзандонашон дар онҷо таҳсил мекунанд, барои кӯдакон ёрӣ ва дар пирӣ нафақа мегиранд. Вале шумораи чунин муҳоҷирон кам гуфта мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Русия дар ин кишвар беш аз 1 миллиону 300 ҳазор тоҷикистонӣ кору зиндагӣ доранд. Касе бо ҳадафи таҳсил дар онҷост, дигарон бо шартнома кор мекунанд ва ё сайёҳоне, ки соҳиби душаҳрвандӣ ҳастанд. Аммо беш аз ҳама муҳоҷирони корӣ ҳастанд, ки аз ним миллион нафар бештаранд.
Бо ин вуҷуд омори дақиқе дар бораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия вуҷуд надорад. Мақомоти Тоҷикистон оморро кам нишон медиҳанд, мақомоти Русия баръакс.