Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи сафир ба шикояти муҳоҷирон: "Занҳои ҳомиларо монем, ҷавонҳоро барем?" ВИДЕО


Муҳоҷирон барои номнавис кардани худ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия навбат истодаанд
Муҳоҷирон барои номнавис кардани худ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия навбат истодаанд

Масъалаи аз Русия ба Тоҷикистон овардани шаҳрвандони бандмонда дар ҳашт парвози чартерӣ гурӯҳеро шод ва бахши дигарро норозӣ гузошт.

Норозиён шикоят доранд, ки ба парвозҳои чартерӣ на афроди дармондаву пиру бемор, ҳамон тавр ки ваъда шуда буд, балки ба иддаои онҳо ҷавонону шахсони солим роҳ ёфтаанд. Шикояти дигари муҳоҷирон аз он аст, ки намояндагони сафорат дар Русия ба суолҳояшон посух намедиҳанд ва онҳоро барои бозгашт ба кишвар номнавис намекунанд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия ба ин мазмун шикояти видеоии бархе аз шаҳрвандонро кори ҷавононе донист, ки "миёни сокинон низоъ меандозанд".

Рӯзи 2-юми июл даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар назди сафорат дар Маскав ҷамъ шуданд, то худро барои бозгашт ба Тоҷикистон номнавис кунанд. Бархе аз онҳо бо нашри видеоҳо гуфтанд, намояндагони ниҳоди дипломатии Тоҷикистон ба наздашон набаромада ва ба суолҳояшон посух надодаанд.

Дар видео иддао шуд, ки масъулони сафорати Тоҷикистон ба ҷойи ҳалли мушкил полиси Русияро даъват кардаанд, то "муҳоҷирони ҷамъшударо тарсонда ва пароканда кунад".

Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия, 3-юми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "чанд нафаре буданд, ки аз дур истода, кормандони сафоратро дашном медоданд ва сипас ба навор мегирифтанд. Шоҳид будам. Дар утоқи корӣ нишаста, тамошо накардам, ба назди онҳо баромада фаҳмонидам, ки вазъи фавқулода аст ва дар тамоми дунё чунин аст."

Ҳар рӯз даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия ба Радиои Озодӣ занг мезананд ва нома менависанд, ки ба парвозҳои чартерӣ роҳ наёфтаанд. Ҳар кадоме аз онҳо чунин тартиби баргардондани шаҳрвандонро ба ватан танқид мекунанд. Намояндаҳои мақомот мегӯянд, дар асл сабтином ба воситаи почтаи электронӣ сурат гирад, вале бисёре аз муҳоҷирон истифодаи дурусти онро намедонанд ва дар назди бинои сафорат ҷамъ мешаванд.

Рӯзи 3-юми июл дар як назарсанҷии ғайрирасмии Радиои Озодӣ дар Ютюб (дар давоми як соат) 350 нафар иштирок карданд ва 81 дарсади онҳо гуфтанд, ки "раванд беназм ва бо фасод олуда аст". Танҳо 6 дарсади иштирокдорони назарсанҷии ғайрирасмӣ таъкид карданд, ки "тартиб хуб аст".

Як ҷавони тоҷик, ки рӯзи 2-юми июл дар назди бинои сафорат будааст, бе зикри номаш ва ба хотири он ки фардо ба мушкил дучор нашавад, гуфт, "соатҳо барои сабтином дар назди сафорат дар навбат истодем. Одам зиёд буд, касе ба назди мо набаромад. Борон меборид, милисаҳо зиёд буданд. Баъд мо ҳам гуфтем, ки адолат нест, касе ба доди мо намерасад."

Сафири Тоҷикистон дар Русия дар ҷавоб ба ин гапҳо гуфт: "Ҳоло ҳудуди 400 зани ҳомила ариза навишта, барои бозгашт ба ватан худро номнавис кардаанд. Дар ин ҳол чӣ гуна ин занҳоро мемонед ва ҷавонҳоро мефиристед? Инсоф ҳам намондааст дигар."

Имомуддин Сатторӣ афзуд, феълан 8 ҳазор талабгори бозгашт ба Тоҷикистонро номнавис кардаанд ва барои баргардонидани онҳо вақт зарур аст: "Барои баргардондани 8 ҳазор нафар ҳудуди 40 ҳавопаймо лозим аст. Ҳозир мо танҳо иҷозати парвози 10-12 ҳавопайморо дорем. Ин кор танҳо аз мо вобаста нест, ҷониби Русия ҳам бояд ба ин иҷозат диҳад."

Вай айни замон гуфт, то пурра кушода шудани роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ баргардонидани ҳамаи шаҳрвандон ба ватан имкон надорад.

Парвозҳои чартерии ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" ба Русия 25-уми июн оғоз шуд ва то 14-уми июл идома хоҳад дошт. Тоҷикистон аз нимаи дувуми моҳи март бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав парвозҳои байнулмилалиро қатъ кард. Ба ин сабаб садҳо шаҳрванди кишвар дар Русия ва кишварҳои дигар дармонданд. Дертар мақомот қисме аз онҳоро бо парвозҳои махсус ба Тоҷикистон оварданд, қисми зиёди дигар ҳанӯз натавонистанд баргарданд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 3-юми июл "Росавиатсия" замони манъи вуруди шаҳрвандони хориҷиро ба Русия то поёни моҳи июл дароз кард. Барқияи Оҷонси федеролии нақлиёти ҳавоии Русия бо чунин мазмун ба фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ фиристода шудааст. Паёме, ки пеш аз ҳама муҳоҷирони бекор ва бедаромадро дар Русия нигарон кардааст.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кору тиҷорат ба Русия мераванд. Онҳо соли гузашта беш аз дуним миллиард доллар фиристода буданд. Имсол ба сабаби густариши бемории коронавируси нав ва ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 359 миллион доллар фиристодаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 103 миллион доллар ё 22 дарсад камтар аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG