Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кай ва аз куҷо? Ҷадвали парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷадвали парвозҳои чартериро аз Русия ба Тоҷикистон нашр кард.

Мақомот гуфтанд, ки аз 25-уми июн то 14-уми июл бо ҳашт парвози ғайринақшавӣ аз Маскаву Санкт-Петербург, Екатеринбург ва Новосибирску Қазон даҳҳо нафарро ба ватан бармегардонанд.

Парвозҳои чартерӣ аз тарафи ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" анҷом мешаванд. Ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Русия рафта, ҳангоми бозгашт шаҳрвандонро меоранд, вале шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Русия намебаранд.

Ҷадвали парвозҳо чунин аст:

25-уми июни 2020

Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати "Тоҷик Эйр";

26-уми июни 2020

Душанбе – Қазон – Душанбе, ширкати "Тоҷик Эйр";

30-юми июни 2020

Душанбе – Новосибирск – Душанбе, ширкати "Сомон Эйр";

1-уми июли 2020

Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати "Сомон Эйр";

6-уми июли 2020

Душанбе – Санкт-Петербург – Душанбе, ширкати "Сомон Эйр";

7-уми июли 2020

Душанбе – Екатеринбург – Душанбе, ширкати "Тоҷик Эйр";

13-уми июли 2020

Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати "Тоҷик Эйр";

14-уми июли 2020

Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати "Сомон Эйр";

Мақомот нархи билети парвозҳоро расман эълон накардаанд, аммо мегӯянд, ҳангоми баргардондан бештар ба беморону занон ва кӯдакон, пирон, донишҷӯён ва шахсоне, ки ба сафари хидматӣ ба Русия рафта буданд, бартарӣ дода мешавад.

Ҳанӯз замони азсаргирии парвозҳои доимӣ дақиқ нест. Тоҷикистон аз 1-уми июл барои парвозҳои байнулмилалӣ ба Узбекистону Имороти Муттаҳидаи Араб иҷоза додааст.

Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, феълан "масъалаи барқарор намудани парвозҳои доимӣ ба Русияву Туркия ва Чин ва баръакс аз ҷониби мақомот мавриди баррасӣ қарор дорад".

Тафсилотро дар бораи парвозҳо дар инҷо хонед

XS
SM
MD
LG