Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шаҳри Нурсултон муҷассамаи Нурсултон Назарбоев гузошта шуд


Муҷассамаи баланди Нурсултон Назарбоев рӯзи 3 июл дар даромадгоҳи Донишгоҳи миллии мудофеаи Қазоқистон ифтитоҳ шуд
Муҷассамаи баланди Нурсултон Назарбоев рӯзи 3 июл дар даромадгоҳи Донишгоҳи миллии мудофеаи Қазоқистон ифтитоҳ шуд

Дар шаҳри Нурсултон дар остонаи 80-умин зодрӯзи собиқ президент Нурсултон Назарбоев муҷассамаи ӯро ифтитоҳ карданд. Ҳайкали Назарбоев дар назди Донишгоҳи миллии мудофеаи Қазоқистон ба номи Нурсултон Назарбоев қомат афрохтааст. Дар фарҳанги башарӣ маъмулан муҷассамаҳову ҳайкалҳои сангиро баъди даргузашти инсон мегузоранд, вале дар Осиёи Марказӣ дар давраи раҳбарии президенти собиқ Сафармурод Ниёзов, ки дар Туркманистон низоми диктотурӣ ва кеши шахсият сохта буд, дар давраи зиндагиш муҷассамаи ӯ дар маркази Ишқобод гузошта шуд.

Рӯзи 6 июл Назарбоев зодрӯз дорад ва маросими ифтитоҳи муҷассамаро ба таври онлайнӣ президент Қосимҷомарт Тоқаев, ки соли гузашта баъди ногаҳон ба истеъфо рафтани Назарбоев ба ин мақом омад, мушоҳида намуд. Маълум нест, ки оё Назарбоев, ки гуфтанд аз коронавирус раҳо шудааст, ин маросимро мушоҳида кард ё на.

Сухангӯи Назарбоев Айдос Укибай дар Твиттер навишт, ки рӯзи 2 июл тести озмоишии Назарбоев ба коронавирус манфӣ баромад. Хабари ба беморӣ гирифтор шудани ӯ рӯзи 18 июн расонаӣ шуд. Назарбоев давоми 30 сол дар Қазоқистони ғанӣ аз нафт раҳбарӣ карда ҳоло ҳам як раҳбари бонуфуз дар минтақа боқӣ мемонад. Ӯ мақомҳои раиси ҳизби ҳокими «Нуротан» ва раиси Шӯрои амниятро ҳифз кардааст.

XS
SM
MD
LG