Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хостааст, ки рафтори афсари милиса Шерзод Пиронзодаро дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара таҳқиқ кунад.
Моҷарои занозании Шерзод Пиронзода бо як сокини солхӯрдаи ҷамоати Ворух ва ҳамсараш дар пеши чашми даҳҳо нафар рӯзи 10-уми июн дар Ютюб нашр шуд ва суолҳоро дар мавриди рафтори нозири тартибот барангехт.
Сокинони Ворух мегӯянд, ҳоло тафтишот идома дорад, аммо Шерзод Пиронзода бо либоси ҳарбӣ ба фаъолияти худ идома медиҳад ва ин ҳолат хонаводаи ҷабрдида ва сокинони Ворухро нороҳат кардааст. Масъулони идораи умури дохилии Ворух гуфтанд, то анҷоми тафтишот ва хулосаи додситонӣ, Пиронзода ба кораш идома медиҳад.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ мегӯяд, ҷараёни таҳқиқи ҳодиса суст пеш меравад ва сабабашро аз Додситонии шаҳри Исфара пурсидааст. Гулчеҳра Ашӯрова, узви эътилоф, рӯзи 3-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ин созмон аз Ислом Аҳмедов, сокини солхӯрдаи ҷамоати Ворух ва ҳамсараш дифоъ мекунад.
Вай афзуд, аризаҳоро рӯзи 1-уми июл ба мақомоти Раёсати корҳои дохилӣ ва додситонии шаҳри Исфара фиристодаанд.
Зуфунун Аҳмедова, ҳамсари Ислом Аҳмедов, 3-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "дирӯз дар бозори Исфара Шерзод Пиронзодаро ҳамроҳи се милисаи дигар дидам. Ба наздаш рафта, пурсидам, ки баъди задани ману шавҳари калонсолам дар пеши чашми мардум боз чӣ хел ҳамчун милиса кор фаъолият дорад? Милисаҳои дигар омада, гуфтанд, мардум ҷамъ шуда истодаанд. Илтимос карданд, ки ором шавед ва моро ҷудо карданд."
Вақте Радиои Озодӣ бо Шерзод Пиронзода тамос гирифт, вай баробари шунидани суоли мо гӯширо гузошт.
Аммо дар як суҳбати қаблӣ гуфта буд, ки ин ҳама иддао ба зидди вай туҳмат аст ва навори видеоӣ "сохтакорӣ" шудааст. Вай гуфта буд, ҳоло мақомоти тафтишотӣ ҳодисаро таҳқиқ доранд ва ба ҳар хулосае, ки оянд, онро мепазирад
Як корманди идораи корҳои дохилии ҷамоати Ворух гуфт, Пиронзода то анҷоми тафтишот ҳақ дорад ба кори худ идома диҳад. Ҳамсуҳбати мо гуфт, мунтазири хулосаи додситонӣ ҳастанд.
Дар ҳоли ҳозир Гулчеҳра Ашӯрова, ҳуқуқшиноси Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа, ки аз ҳуқуқи Илҳом Аҳмедов дифоъ мекунад, ба Исфара рафтааст.
Моҷарои занозании корманди милиса бо Ислом Аҳмедов, як сокини солхӯрда ва ҳамсараш дар як навори видеоӣ дар оғози моҳи июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд ва ҳанӯз ҳам аз даст ба даст мегардад.
Ҳодиса интиқодҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомот талаб доранд, ки нисбат ба маъмури милиса чора дида шавад. Бархеи дигар мегӯянд, дар навор марди калонсол низ дашном додааст ва маълум нест, ҷанҷолро кадоме аз онҳо оғоз кардаанд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!