24 муҳоҷири тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар минтақаи Мордовияи Русия даст ба гуруснанишинӣ задаанд. Онҳо солҳои дароз дар зиндон буданд ва моҳи апрел муҳлати ҳабсашон ба поён расид, аммо ба далели баста будани марзҳо натавонистанд ба кишвар интиқол ёбанд.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, аз вазъи муҳоҷирон хабар доранд ва ҳар вақте навбаташон расид, ба ватан мебаранд. Муҳоҷирон мегӯянд, бо вуҷуди ташкили парвозҳои чартерӣ аз бурдани онҳо худдорӣ шудааст.
Илҳомҷон Зарифов ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар Мордовия қарор дорад. Ӯ 28-уми июн дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ду рӯз боз ба ҷуз об чизе наменӯшанду намехӯранд.
"Эътирози мо аз он аст, ки мақомоти Русия ва Тоҷикистон ба вазъи мо таваҷҷӯҳ намекунанд. Шароит дар ин ҷо мисли маҳбас аст. Намояндаи боздоштгоҳро даъват карда, гуфтем, ба мо хӯрок наоранд ва мо гуруснанишинӣ мекунем. Ба сафорат муроҷиат кардем, гуфтанд, ки бояд ФМС ихроҷ кунад ва билетро ҳам онҳо бигиранд", -- гуфт ӯ.
Зарифов бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир 9 сол дар зиндон будааст ва моҳи апрел муҳлати ҳабсаш тамом шудааст. Ӯ гуфт, ҳамроҳони дигараш аз гуруснагӣ тавони суҳбат надоранд.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пештар бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар боздоштгоҳ суҳбат карда буданд ва аз онҳо хостаанд, "сабр кунанд".
Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия гуфт, то кунун ҳудуди 800 шаҳрванди Тоҷикистонро ба ватан баргардондаанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар мадди аввал занону пирони бемор ҳастанд ва муҳоҷирон дар боздоштгоҳи муваққатӣ бояд онҳоро дарк кунанд. "Албатта, он муҳоҷиронро ҳам дар назар дорем. Пештар аз маркази нигаҳдории Екатеринбург 28 нафарро ба ватан бурдем. Намедонам, чаро онҳо бетоқатӣ мекунанд ва вазъиятро дарк кардан намехоҳанд. Ҳозир корро дар ин самт нав сар кардем. Агар роҳҳо баста намешуд, онҳо барвақт бармегаштанд", -- афзуд ӯ.
Муҳоҷирон мегӯянд, борҳо чунин ваъда гирифтаанд, вале маълум нест кай амалӣ мешавад.
"Мо солҳои зиёд дар зиндон будем. Дар ин ҷо ҳам тоқат мекунем, вале дигар нафасгир шудем. Одам хеле бисёр ва шароит бад аст", -- мегӯяд Илҳомҷон Зарифов.
Бар асоси гузоришҳо дар чанд маҳбаси Мордовия ҳудуди ҳазор муҳоҷири тоҷик дар зиндон қарор доранд. Борҳо зиндониёни тоҷик аз шиканҷа шудан ва бадрафтории маъмурони маҳбасҳо дар ин минтақаи Русия шикоят карда буданд.
Теъдоди боздоштшудаҳо ва зиндониёни тоҷикро дар Русия наздики 10 ҳазор медонанд.