Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт нафарро дар Тоҷикистон барои қочоқи тарёку ҳероин зиндонӣ карданд


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар бораи ин гуруҳ барномаи махсуси телевизионӣ таҳия карда буд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар бораи ин гуруҳ барномаи махсуси телевизионӣ таҳия карда буд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе як гуруҳи ҳафтнафариро бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир аз 15 то ба 20 солии зиндон маҳкум кардааст. Хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 26-уми июн хабар дод, ки гуруҳи мазкур маводи мухаддир аз ҷумла тарёку ҳероинро аз Афғонистони ҳамсоя ворид карда, сипас ба кишварҳои дигар интиқол медодаанд.

Додгоҳ аъзои гуруҳро ба “”муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон” гунаҳкор дониста ва се нафар аз онҳо аз ҷумла раҳбари гуруҳ Муқим Шералиев, сокини Норакро ба 20 солии зиндон маҳкум кардааст. Ба гуфтаи муфаттишон Муқим Шералиев дар байни ҳалқаҳои қочоқбар бо лақабҳои “Муқимча” ва “Бачаи кампир” маъруф будааст. Аъзои гуруҳро се моҳ дар Душанбе дастгир кардаанд.

Муфаттишон гуфтаанд, ин гуруҳ дар як маврид 55 килограмм ҳероинро ба яке аз кишварҳои муштаракулманофеъ интиқол дода ва дар онҷо фурӯхтааст. Аммо Русия яке аз кишварҳои аслиест, ки маводи мухаддир аз Афғонистон ва аз тариқи Тоҷикистон ба онҷо интиқол мешавад.

Дар хабари “Ховар” омадааст, “Ҳамзамон, молу мулки маҳкумшудагон, аз қабили манзили истиқоматии 2-ошёна, лимухона, маркази савдои «Осиё», манзили истиқоматӣ воқеъ дар шаҳри Норак ва 7 автомашинаи гаронарзиши хориҷӣ, ки аз ҷониби милитсияи шаҳри Душанбе дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-тафтишоӣ ба ҳабс гирифта шуда буданд, ба фоидаи давлат мусодира гардиданд.”

Назари вакилони дифои маҳкумшудагон ҳанӯз маълум нест ва маълум нест, ки аз ҳукм ба додгоҳҳои болоӣ шикоят мекунанд, ё не.

XS
SM
MD
LG