Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумаки Бонки Ҷаҳонӣ ба 50 000 оилаи камбизоат дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бонки Ҷаҳонӣ дар чаҳорчӯби як тарҳи кумаки иҷтимоии фаврӣ, ба 50 ҳазор оилаи камбизоати тоҷик ёрии якдафъаина мерасонад.

Маблағи ин кумак барои ҳар хонавода 500 сомониро ташкил медиҳад.

Ин пардохтҳо бахше аз маблагузории Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои камтар кардани таъсири COVID-19 ба иқтисоди кишвар мебошад.

"Барои ҳифзи саломатӣ ва хӯроки маҳрумтарин кӯдакон кумакҳои нақдӣ василаи муассире ба волидон мебошад", - гуфт раҳбари намояндаии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс.

Ба гуфтаи Олтерс, Бонки Ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад, то битавонад ба пайомадҳои иқтисодиву иҷтимоии бемории ҳамагир посухи фаврӣ ва муассир бидиҳад.

Ин кумак хонаводаҳоеро, ки камбизоат ҳастанд ва кӯдакони зери сесола доранд, дар бар мегирад. Дар қадами аввал ин кумак 17 ҳазор хонавода дар 40 ноҳияи кишварро дар бар хоҳад гирифт. Ин тарҳ дар маҷмӯъ 50 ҳазор хонаводаро дар саросари кишвар фаро мегирад.

Кумаки якдафъаинаи Бонки Ҷаҳонӣ аз сӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамоҳангӣ бо бахшҳои ин вазорат дар вилоятҳо ва ноҳияҳо ба хонаводаҳои камбизоат дода мешавад.

Бонки Ҷаҳонӣ то кунун барои пешгирӣ аз бемории ҳамагир ва муқобила бо он ба Тоҷикистон беш аз 11 миллион доллар додааст.

Ин ниҳоди байнулмилалии молӣ рӯзи 8-уми июн гузориши "Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон"-ро нашр кард ва дар он гуфт, иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2020 рушд намекунад, балки баръакс коҳиш ёфта, дар сатҳи ду дарсади зери сифр қарор мегирад.

Ин рукуди иқтисодӣ дар Тоҷикистон аз замони имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997 бесобиқа аст.

Вале бар асоси пешбинии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, иқтисоди Тоҷикистон имсол рушди 5-дарсадӣ хоҳад дошт. Қаблан вазорат мизони рушди иқтисоди кишварро дар соли 2020 ҳафтуним дарсад пешбинӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG