Беш аз 50 донишҷӯйи тоҷик дар вилояти Ярослави Русия гуфтанд, ки коронавирус ба онҳо сироят кардааст. Донишҷӯён дар хобгоҳе дар шаҳри Рибинск ҳастанд. Бино ба санадҳое, ки ба Радиои Озодӣ фиристоданд, рӯзи 8-уми июн дар бадани донишҷӯён вирус ошкор шудааст. Донишҷӯён мегӯянд, шароити нигаҳдориашон бад аст ва барои кумак ба намояндагии Тоҷикистон муроҷиат карданд, вале кумак нагирфитанд. Дар сафорати Тоҷикистон гуфтанд, ки аз вазъи донишҷӯён хабар доранд ва бо такя ба қавли пизишкон аҳволи донишҷӯёнро "хуб" арзёбӣ карданд.