Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳоло беморӣ аз байн нарафтааст." Вазир гуфт, ки чаро кумаки мардумро харҷ накарданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, кумакҳои башардӯстонае, ки барои муқобила бо коронавирус ба кишвар дода шуданд, "зери назорат ҳастанд" ва омодааст чӣ гуна тақсим шудани онҳоро дар ихтиёри расонаҳо гузорад.

Дар пайи вуруди кумакҳои зиёди хориҷӣ ба Тоҷикистон интиқодҳо садо дод, ки мақомот ёриҳоро шаффоф тақсим накардаанд.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, рӯзи 17-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аксари кумакҳо ба Тоҷикистон на бо маблағ, балки ҳамчун таҷҳизот ва дору дода шуданд ва онҳоро ба беморхонаҳо тақсим кардаанд.

"Ман ба Шумо кафолат медиҳам, ки ҳама чиз зери назорат аст. Ягон хел ҳолатҳои ғайриҳадафмандона истифода бурдани доруҳо набояд ҷой дошта бошад", - гуфт вазири молия.

Бо шурӯи пандемияи COVID-19 ҳукумати Тоҷикистон аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ хост, то барои муқобила бо ин беморӣ ба кишвар кумак кунанд. Чандин созмони молии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон миллионҳо доллар кумак карданд. ​Чанде аз кишварҳои ҳамсоя маводи ғизоӣ ва беҳдоштӣ фиристоданд.

Дар дохили Тоҷикистон низ мақомот бо ташкили суратҳисоби вижа аз сокинон хостанд, барои муқобила бо коронавирус ба он маблағ гузаронанд. Мақомот то ҳол маблағҳои ҷамъшударо дар ин суратҳисоб сарф накардаанд ва вазири молия мегӯяд, барои зуд сарф кардани маблағҳо моил нестанд.

"Ҳоло пандемия аз байн нарафтааст ва мо саросемавор ҳавасманд нестем, ки ба чапу рост маблағҳоро тақсим кунем. Ин маблағҳо дар суратҳисобҳо ҳаст ва он бо тартиби муайяншуда тақсим мешавад", - афзуд Файзиддин Қаҳҳорзода.

Вазири молия бо ин ки гуфт, ҳозиранд ҷузъиёти харҷи кумакҳои башардӯстонаро дар ихтиёри расонаҳо гузоранд, хеле кам дида мешавад, ки мақомот чунин маълумотро расонаӣ кунанд. Коре, ки мунтақидон онро далели шаффоф набудани раванди тақсими кумакҳо медонанд.

Интиқодҳо аз раванди тақсими ёриҳои башардӯстона замоне зиёдтар шуд, ки дар миёни дору ва васоиле, ки ширкати “Авеста Груп” тақсим кард, кумаки башардӯстонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дида шуд. Бархе мунтақидон гуфтанд, мақомдорон кумакҳои кишварҳои хориҷиро аз номи худ тақсим мекунанд. Чизе, ки мақомот онро рад кардаанд.

Баъд аз мавҷи танқидҳо аз шеваи тақсими кумакҳои байнулмилалӣ охири моҳи май раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 ва Оҷонси зиддифасод хост, ки ҷараёни тақсиму истифодаи кумакҳоро ҷиддӣ назорат кунанд.

XS
SM
MD
LG