Баҳром Иноятзода, раиси боздоштшудаи шаҳри Кӯлоб, дар бемористони касалиҳои сироятӣ аз коронавируси нав муолиҷа мегирад. Нирӯҳои амниятии Тоҷикистон ӯро 8-уми июн бо гумони "фасодкорӣ" дастгир карданд.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, гирифтории Иноятзодаи 60-сола ба бемории COVID-19 рӯзи 4-уми июн, чаҳор рӯз пеш аз боздошт шудан, таъйид шудааст. Пизишкон дар бемористони касалиҳои сироятии Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳанӯз таби шаҳрдори собиқ аз 38 поин нашудааст.
Муҳаббат Иззатова, хоҳари Баҳром Иноятзода, 16-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, замони боздошти ҳарорати бародараш 38-39 дараҷа буд.
Рӯзи 8-уми июн Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълон кард, ки маъмуронаш Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлобро бо иттиҳоми "фасодкорӣ" дастгир карданд. Муҳаббат Иззатова гуфт, бовар надорад, ки бародараш ба чунин коре даст зада бошад: "Вақте ба мансаб таъин шуд, хешу таборро ҷамъ кард ва гуфт, дар шаҳр кор кардан мушкил аст. То вақте дар ин вазифаам, дар ҳеч ҷой аз номам истифода накунед. Агар фасодкор мешуд, хиёнаткор мешуд, 5 бародари дигарам ба Русия ба мардикорӣ мерафтанд? Ба онҳо ягон кор ёфта медод, лекин чунин накард."
Қаблан манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки пас аз боздошт сиҳатии Баҳром Иноятзода бад шуд ва ӯро ба шифохона интиқол доданд. Бад шудани бемории ӯро ба фишорбаландӣ ва дарди қалб рабт доданд.
Муҳаббат Иззатова ҳам гуфт, бародараш фишори баланд ва бемории қалб дорад: "Ҳамин субҳ хӯрок бурдем. Аз тиреза ба сӯямон даст афшонд. Касе ҳақ надорад, ки ба наздаш дарояд."
Боздошти як раиси шаҳр дар замони кораш дар Тоҷикистон камсобиқа будааст. Дар пайи нашри хабари боздошти шаҳрдори сеюмин шаҳри бузурги Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон Абдуқодир Вализодаро раиси муваққати Кӯлоб таъйин кард.
Як манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ гуфт, ишораи боздошти Баҳром Инотязода аз болотарин сатҳи ҳукумат расида буд ва то боздошташ аллакай ҳама чиз омода шуда буд. Ҳарчанд, ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, феълан ба ҷуз аз баёноти ронанда ва мудири қабулгоҳи раиси шаҳр далели дигаре ба зидди шаҳрдор вуҷуд надорад.
Рӯзи 27-уми май Хурсандалӣ Хуррамов, ронандаи Баҳром Иноятзода ва 3-юми июн мудири қабулгоҳаш Фирӯз Қурбонов бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуданд. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ дар изҳороташ гуфт, ҳарду боздоштшуда зимни бозпурсӣ шаҳодат додаанд, ки бо супориши раиси шаҳр "қаллобӣ" кардаанд.
Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ гуфт, қаблан шоҳиди боздошти даҳҳо зердасти раисони шаҳру навоҳӣ шуда буд, вале ҳеч кадом аз онҳо боздошт нашуда буданд. "Касе намегӯяд, ки Иноятзода бегуноҳ аст, вале бо далеле, ки ҳоло ӯ боздошт шуд, ҳеч вақт ягон мансабдорро дастгир накардаанд", - гуфт ин мақомдор.
Барои мисол, ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ аз кори раиси собиқи ноҳияи Темурмалик ёдовар шуд, ки тафтишот азхудкунии пули буҷа ва пул барои ободонии ноҳияро собит кард, вале дар лаҳзаи охир ӯро аз вазифа ронданду бас.
То қазияи Иноятзода, ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, “ҷазо”-и раисони шаҳру навоҳӣ дар сурати исботи гуноҳашон барканорӣ аз вазифа буд. "Тасмими боздошти Иноятзода ҳангоми сафари кории президент ба ноҳияи Данғара дар 30-юми май гирифта шуд, ки ин нишон медиҳад, қазия фаротар аз як фасодкорӣ аст", - афзуд ӯ.
Мақомот ҷузъиёти боздошт ва иттиҳоми зидди Баҳром Иноятзодаро ошкор накардаанд.
Сокинони шаҳри Кӯлоб аксаран аз фаъолияти шаҳрдори боздоштшуда розӣ набуданд. Ориф Қаюмов, як сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ӯ он корҳоеро, ки раисони пешини Кӯлоб мекард, айнан такрор намуд: "Раисони пештара роҳи мошингузарро дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини Кӯлоб ба соҳибкорон барои сохтани иншоот дода буданд, ки комилан ғайриқонунӣ аст. Ё майдончаҳои миёни тамоми баландошёнаҳоро ба мағозаву дӯкон табдил доданд. Кӯдакон ҷойи бозӣ надоранд. Дар миёни маҳаллаи аҳолинишин иҷозаи сохтмони нуқтаҳои сӯзишвориро доданд, заминҳои обиро барои сохтмони хона доданд. Иноятзода ҳам кори онҳоро такрор кард, вале чаро онҳо неву маҳз ӯ боздошт шуд, намедонам."
Суоле, ки ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ посухашро танҳо дар “боло” медонанд. Муҳаббат Иззатова, хоҳари шаҳрдори собиқ мегӯяд, ба адолати додгоҳӣ бовар дорад ва умед дорад, ки бародараш, ки ба иддаои ӯ бегуноҳ аст, озод хоҳад шуд.
Баҳром Иноятзода дар гузашта, раиси шаҳри Истаравшан ва вакили Маҷлиси миллӣ буд ва моҳи майи соли гузашта, раиси шаҳри Кӯлоб таъйин шуд. Номи ӯ дар моҳи феврали соли равон, замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати "Комил-2010", мансуб ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид кард.
Вай он вақт гуфт, ин ширкат, ки дар шаҳри Кӯлоб биноҳои истиқоматӣ месозад, ки аз идораи андози шаҳр беш аз 4 миллион сомонӣ (тақрибан 400 ҳазор доллар) қарздор аст. Он вақт Иноятзода гуфт, ба идораи андоз дастур додааст, биноҳои мутааллиқ ба писари Бег Сабурро банданд ва интиқоли барқу обро ба ин биноҳо қатъ карда, ба истилоҳи худаш, "роҳи нафаскашиашро маҳкам" кунад.
"Супориш додем, ки чораҳои таъхирнопазирро андешанд. Дигар ин тавр намешавад. Дар Душанбе бинед, нисбат ба ӯ чӣ кор карданд. Тамоми сохтмонҳояшро манъ карданд. Мо низ ҳамин тавр мекунем. Бас аст. Як Хоҷа Аҳрори Валӣ пайдо шудааст," -- гуфт он замон Иноятзода.
Намояндагони ширкати бинокории "Комил-2010" ин иддаои Иноятзодаро рад накарданд ва гуфтанд, қарзашонро хоҳанд супурд, аммо бо гузашти беш аз ним сол дар Идораи андози Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ширкати марбут ба пайвандони Бег Сабур қарзашро напардохтааст.
Бисёриҳо ишора мекунанд, ки эҳтимол интиқоди сахт аз қудои президент боис ба боздошти шаҳрдори Кӯлоб шудааст. Бег Сабур ҳанӯз дар бораи боздошти раиси собиқ ва ин ки чаро ҳанӯз қарзашро напардохтааст, ҷавоб надодааст. Талошҳои Радиои Озодӣ барои тамос бо ӯ то ин дам бенатиҷа буд.
Дар Тоҷикистон раиси шаҳр ва ноҳияҳоро президент таъйин мекунад ва боздошти ин мансабдорон бисёр кам дида шудааст.