Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, дар шабонарӯзи гузашта як нафар аз бемории COVID-19 фавтидааст ва шумори умумии ҷонбохтагон рӯзи 11-уми июн ба 49 нафар расид.
Дар феҳрасти ғайрирасмӣ ё алтернативӣ дар Интернет теъдоди фавтидагон аз бемории ҳамагир ва илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад кас ҳисоб шудааст. Мақомот ин рӯйхатро қабул надоранд ва мегӯянд, дар ҳашт рӯзи ахир марги танҳо як нафар аз бемории ҳамагир тасдиқ шуд.
Аммо он чи омори расмиро зери шубҳа мегузорад, нашри хабари даргузашти ин ё он нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи наздикону дӯстонашон аст. Пайвандони фавтидагон бовар доранд, онҳо аз бемории ҳамагир ҷон бохтаанд, чун зери чораҳои сахти беҳдоштӣ дафн шудаанд.
Вале мақомот пойфишорӣ доранд, ки марги онҳо аз бемории илтиҳоби шуш, қалбу қанд, гурдаву ҷигар ва маризиҳои дигар аст. Мутахассисон мегӯянд, зоҳиран мақомот онҳоеро қурбониёни COVID-19 ҳисоб мекунанд, ки санҷиш бемориашонро тасдиқ кардааст. Дар Тоҷикистон рӯзона 450-500 тести коронавирус истифода мешавад ва ин наметавонад аксариятро фаро гирад.
Ба иттилои расмӣ то 11-уми июн дар Тоҷикистон гирифтории 4834 нафар ба COVID-19 тасдиқ шудааст. Дар як шабонарӯзи ахир бемории 71 нафарро собит кардаанд. Маълум нест омори расмӣ беморонеро, ки дар хона муолиҷа мегиранд, дар бар мегирад, ё не.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, то ин дам 3062 бемор аз коронавируси нав шифо ёфтаанд ва тақрибан 900 каси дигар дар шифохонаҳо зери назорати пизишкон ҳастанд.
Вакилони Маҷлиси Намояндагон рӯзи 10-уми июн барои надоштани ниқоби тиббӣ, паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ ва нашри ахбори ғалат дар бораи коронавируси нав ҷазову ҷарима муқаррар карданд. Аммо барои пинҳон доштани маълумоти воқеӣ дар бораи бемории ҳамагир муҷозот пешбинӣ нашудааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистонро барои саривақт эътироф накардани мавҷудияти вируси нав ва пинҳон доштани омори воқеии гирифторону ҷонбохтагон танқид мекунанд.
Тоҷикистон баъд аз Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон кишвари чаҳоруми Осиёи Марказӣ аст, ки рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти коронавируси навро эътироф кард. Дар саросари ҷаҳон теъдоди беморони COVID-19 аз 7 миллиону 415 ҳазор бештар шуда, зиёда аз 417 кас фавтидаанд. Тақрибан севуним миллион шахс шифо ёфтаанд.
Хабару гузоришҳои бештарро дар бораи буҳрони коронавирус дар Тоҷикистон дар инҷо хонед