Бо вуҷуди баста будани марзи Қазоқистону Узбекистон, дар давоми тақрибан як ҳафта 140 шаҳрванди Тоҷикистон дар гузаргоҳи сарҳадии Жибек Жоли ҷамъ омадаанд.
Ин гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки дар марз ҷамъ шуда, аз мақомот талаб доранд, барои бозгашташон ба ватан кумак расонанд. Дар миёни онҳо занон, аз ҷумла як зани ҳомила ҳам будааст.
Таҷаммӯи гурӯҳи дуюми муҳоҷирон дар гузаргоҳи марзӣ баъди 3-юми июн мушоҳида мешавад. Гурӯҳи 237-нафарии муҳоҷирони дармондаро, ки бархе давоми ду моҳ мунтазир буданд, шаби 2 ба 3-юми июн бо мусофирбарҳо ба кишвар оварданд. Ин кор дар пайи музокироти мақомоти Тоҷикистону Қазоқистон, Узбекистон ва Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират имконпазир шуд.
Бо сабаби пандемияи коронавирус марзҳои давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз миёнаҳои моҳи март бастааст ва барои убури нақлиёти мусофирбар тавассути ин қаламрав иҷозаи махсуси ҳукуматҳои марказӣ зарур аст.
Дар видеое, ки гурӯҳи муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, аз набуди ғизову ёрӣ ва таваҷҷӯҳи мақомот ба қазияашон шикоят мекунанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ин афрод огоҳиву даъватҳои батакрори Вазорати корҳои хориҷиву сафоратҳои кишварашон дар Русияву Қазоқистонро дар бораи баста будани марз ва худдорӣ аз тағйири макону сафар ба сарҳад нодида мегиранд ва худу наздиконро дар шароити бад мегузоранд.
Рӯзи 9-уми июн дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ масъулони сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон бори дигар ба ин мушкил таъкид карданд. Дар нома гуфта намешавад, ки то куҷо ба ин наздикӣ шароити ба Тоҷикистон бурдани гурӯҳи навбатии муҳоҷирони дармондаи тоҷик имкон дорад ё не.
Як манбаи Радиои Озодӣ қаблан гуфта буд, барои интиқоли гурӯҳи пешина барои ҳар як автобус 600-700 доллар маблағ пардохт шуда буд ва дар чунин ҳолат мушкили аслӣ пардохти ҳаққи роҳ мебошад.
Дар нома ба унвонии Радиои Озодӣ сафорати Қаҳоқистон гуфта шудааст, аз ҳоли муҳоҷирони дармонда дар марз “раҳбари Ҷамъияти тоҷикони вилояти Туркистон ва чанд узви ҷамъият хабар гирифта, ба онҳо то дарёфти иҷозати убури қаламрави Узбекистон, дар ноҳияи Сариоғош (35 километр дур аз гузаргоҳи сарҳадӣ) ҷойи хоб ва барои ҷавонон ҷойи кор пешниҳод кардаанд".
Вале намояндагони мақомот гуфтанд, гӯё шаҳрвандони ҷавон ин пешниҳодҳоро рад ва намояндагони Ҷамъияти фарҳангии “Панҷ”-ро носазо гуфтаанд.
Санҷидани дурустии ин иттилоъ тавассути манобеи дигар феълан имкон надорад.
Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мегӯяд, бо сабаби пандемия дар саросари Қазоқистон феълан тахминан 10 ҳазор “муҳоҷири дармонда” қарор доранд, ки хостори бозгашт ба ватан мебошанд ва як бахше аз онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.