Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи ғамангез, вале умедворкунандаи Созмони Милал ба як модари аламдори тоҷик


Саодат Қулиева бо ду фарзанди Хуршед, ки ҳоло 18 сола шудаанд.
Саодат Қулиева бо ду фарзанди Хуршед, ки ҳоло 18 сола шудаанд.

Саодат Қулиева модари 66-солаи тоҷик як моҳ пештар аз Созмони Милали Муттаҳид номае гирифт, ки дар он омадааст, шумо комилан ҳақ ҳастед, чун ҳукумати Тоҷикистон бар хилофи ӯҳдадориҳои байналмилалиаш ҳуқуқи шумову писаратонро дағалона зери по кардааст.

Номае, ки ду эҳсосашро барангехт, яке эҳсоси шодӣ, ки дар ҷое адолат будааст ва садояшро шуниданд ва дуввумӣ эҳсоси ғаму андӯҳ, чун дигарбора марги писари ҷавонаш Хуршед Бобокалонови 33-соларо ба ёдаш овард, ки соли 2009 баъди боздошти маъмурони милиса ба ҳалокат расид.

Саодат Қулиева cокини шаҳри Душанбе рӯзи 31-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки хулосаи Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал дар бораи таҳқиқи парвандаи марги писарашро як моҳ пеш гирифтааст. Ӯ гуфт, санаде, ки ба даст овард, нишон медиҳад, ки “дар ҷое адолат ҳаст, вале на дар кишвари мо.”

Қазияи марги Хуршед Бобокалонов, табиби тоҷик дар соли 2009 яке аз парвандаҳои пурсарусадои шиканҷа дар Тоҷикистон буд, ки дар як даҳсола борҳо дар долону толорҳои Созмони Милал дар бораи он сӯҳбат кардаанд. Ӯро рӯзи рӯзи 27-уми июн дар маркази Душанбе ҳангоми бозгашт аз толори варзишӣ маъмурони милиса дастгир карда ва хостаанд, ки борхалтаи варзишиашро тафтиш кунанд. Баъди сарпечӣ ва пурсидани сабабҳои тафтиш, байни ду тараф гӯё кашмакаш сурат гирифтааст ва тақрибан 10 маъмури милиса ӯро бо зӯр ба мошин бор карда бурдаанд.

Як рӯз баъд рӯзи 28-уми июн ба модари Хуршеду ҳамсараш хабари шуми марги ӯро расонданд. Саодат Қулиева вақте ба сардхона омадааст, намояндаи Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ӯ гуфтааст, “писаратон бисёр маст буд ва бар асари қай кардану нафасгир шудан фавтид.” Ба ӯ иҷоза надодаанд, ҷасадро бубинад ва ҳам нагуфтанд, ки писараш шаби гузашта куҷо буд, ки бо ӯ чунин шуд.

Хуршед Бобокалонов мудири шӯъбаи қабули гирифторони саратон дар шифохонаи Қарияи боло буд.
Хуршед Бобокалонов мудири шӯъбаи қабули гирифторони саратон дар шифохонаи Қарияи боло буд.

Баъд аз даводаву илтиҷову зораву гиря, ҷасади писарро ба хона оварданд. Ҷасаде, ки ба гуфтаи модар аз сар то ба по осори латукӯбу шиканҷа дошт. Саодат Қулиева, дар шикояташ ба Созмони Милал ҷасади писарашро чунин тасвир кардааст: “Варами зиёду сиёҳӣ, харошидагӣ дар бинӣ, манаҳ ва сар. Вақте ҷасадашро дар назди хешовандон шустанд, дар чандин ҷои он осори захм буд, рӯяш кабуд ва осори буридагӣ дар манаҳ ва пушти ӯ.”

Аммо хулосаи колбадшикофӣ ва ё ташхиси додгоҳие, ки додситонӣ ба Саодат Қулиева додааст, ин будааст, ки писари шумо дар натиҷаи нафасгир шудан аз қай кардан фавтидааст. Баъди шикояти модар ба додситонӣ, соли 2009 парвандаи ҷиноӣ бо моддаи “марг бар асари беэҳиётӣ” боз карданд, вале хулосаи дуввуми ташхиси тиббии додгоҳиро ба ӯ надоданд, чун ба гуфтаи додситон “сирри тафтишот” будааст.

Парвандаро чанд моҳ баъд ба далели маълум нашудани “омили ҷиноят” бастанд, вале баъди пофишориву дар ба дар гаштанҳои Саодат Қулиева дигарбора соли 2011 боз карданд. Дар ниҳоят ба ӯ натиҷаҳои ташхиси дуввуми додгоҳиро додаанд, ки онҷо омадааст, сабаби марг “бемории қалб” буд. Беморие, ки ба гуфтаи Саодат Қулиева писараш ҳеҷ гоҳ надошт ва шикояте ҳам аз дарди дил намекард.

Мақомот ҳамчунин шарҳ дода натавонистаанд, ки чаро либосҳои писараш олуда ба хун буд ва онро тар ба ӯ доданд ва осори хун аз ин либосҳо нарафта буд. Баъдан муфаттишон гуфтаанд, ки натиҷаҳои ташхиси додгоҳии хун дар либосро “гум” кардаанд.

Посухҳои Додситонии Тоҷикистон ба Созмони Милал

Додситонии Тоҷикистон дар посух ба дархостҳои Созмони Милал як чизро такрор кардааст, ки Хуршед маст буд, маъмурони милисаро дашном дод ва баъди боздошт “бар асари бемории дил” даргузашт. Аммо дар хулосаи кумита омадааст, ки додситонии Тоҷикистон далеле наовардааст, ки гуфтаҳояшро собит карда тавонад.

Бо вуҷуди муроҷиату шикоятҳои расмӣ дар ниҳоят соли 2012 додситонӣ гуфтааст, ки “ҳеҷ касе гунаҳкори марги Хуршед Бобокалонов набуд.” Дар муддати 5 сол ба гуфтаи модар, ҳукумати Тоҷикистон натавонист, парвандаи писарашро дурусту ҳаматарафа таҳқиқ кунад. Баъд аз ин ҳама ӯ бо мусоидати вакилаш соли 2015 ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал шикоят бурд, то назарашро бигӯяд, ки то куҷо мақомоти Тоҷикистон ба доди ӯ расиданд.

Кумитаи Ҳуқуқи Башар баъд аз 5 сол ва радду бадалҳо дар бораи парванда бо мақомоти Тоҷикистон гуфтааст, ки мақомоти расмӣ ва Саодат Қулиева ба ин натиҷа расидааст, ки мақомоти расмӣ, парвандаро дурусту ҳаматарафа таҳқиқ карда натавонистаанд ва ҳуқуқи модар ва писараш Хуршед Бобокалоновро зери по кардаанд, модарашро ин қадар сол азоби равонӣ додаанд. Дар хулосаи кумита, ки Радиои Озодӣ нусхаи онро дид, омадааст, ҳукумати Тоҷикистон зимни таҳқиқи парвандаи марги Хуршед Бобокалонов чандин банди Аҳдномаи байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсиро риоят накардааст.

Саодат Қулиева ба Радиои Озодӣ гуфт, хулосаи Кумитаи Ҳуқуқи Башар барояш муҳим аст, аммо дарди марги писарашро таскин намедиҳад: “Ман фикр мекунам, ки агар Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал эътироф кард, ки мақомоти мо бесалоҳият ҳастанд, ин худаш як дастоварди бузург аст. Ҳарчанд писари ман барнамегардад, вале ҳадди аққал як пирӯзӣ аст. Ман намедонам, шояд ҳоло давлати мо як чорае меандешад ва касеро ба ҷавобгарӣ мекашад. Ман намедонам, шумо худатон кишвари моро хуб медонед.”

Се моҳ мӯҳлат барои посух

Кумитаи Ҳуқуқи Башар ҳоло аз ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, ки парвандаро дигарбора бардоранд, дурусту муносиб таҳқиқ кунанд ва барои ранҷе, ки модар дар ин муддат кашидааст, ҷуброн бипардозанд. Ҳукумат барои посух ба ин нома се моҳ муҳлат дорад.

Саодат Қулиева гуфт, азбаси фақат нусхаи инглисии номаи Созмони Милалро дорад, ҳоло мунтазири матни русӣ аст ва баъд аз он тасмим мегирад, ки чӣ кор кунад: “Кумитаи Ҳуқуқи Башар бояд матни русии қарорро ба ман бифристад, ҳоло ба ҳеҷ ҷо муроҷиат накардаам, баъди гирифтани матн дигарбора ҳомиёни ҳуқуқро ҷалб мекунам ва дар бораи қадами баъдӣ тасмим мегирам.”

Аммо гуфт, ӯ аз “як азмам барнамегардам ва то нафаси охиринам барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги писарам мубориза мебарам ва хомӯш намешинам.” Саодат Қулиева дар ин 11 сол бо ҳеҷ хабарнигор барои телевизион ва радио суҳбат накардааст, чун ба қавли худаш, гиря гӯлугираш мекунад. Ва зимни гуфтугуи кутоҳ бо Радиои Озодӣ ҳам чунин шуд.

XS
SM
MD
LG