Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни тоҷик барои беморхонаҳои Тоҷикистон маблағ ҷамъ мекунанд


Гуруҳи донишҷӯёни тоҷик дар кишварҳои аврупоӣ.
Гуруҳи донишҷӯёни тоҷик дар кишварҳои аврупоӣ.

Гуруҳи донишҷӯёни тоҷик дар Бритониё, Фаронса ва Канада бо роҳ андохтани як иқдоми хурд бо мақсади расонидани ёрӣ ба ҳамватанон, ба муваффақияти ғайриинтизоре даст ёфтанд. Ҳоло онҳо ният доранд консерти онлайнии хайриявии гуруҳи "Барака"-и Латвияро ташкил кунанд ва бо пулҳои ҷамъшуда генератори истеҳсоли оксиген (PSA) барои беморхонаҳо дар ВМКБ бихаранд, ки арзишаш наздик ба сад ҳазор доллари амрикоист.

"Pamiri Youth Network" гуруҳи 8-нафараи духтаронии ҷавони ВМКБ Тоҷикистон ҳастанд, ки феълан дар кишварҳои Аврупо ва Амрико таҳсилу кор мекунанд. Дар давраи буҳрони ҳамагирии коронавирус, ин ҷавондухтарҳо бе барномарезӣ иқдоми расонидани ёрӣ ба ҳамватанон дар Русияро роҳандозӣ карданд, ки ба натиҷаҳои мушаххасе даст ёфтанд ва тасмим гирифтанд ҷамъоварии маблағро давом бидиҳанд, то ба беморхонаҳо дар зодгоҳашон ёрӣ расонанд.

Беназир Мизробова, хатмкардаи Донишгоҳи Сорбонни Порис, ки ҳамчун таҳлилгари молиявӣ дар Фаронса кор мекунад ва яке аз ташаббускорони ин иқдом аст, таърихчаи пайдоиши ин гуруҳро бо Радиои Озодӣ нақл кард.

Радиои Озоди: Беназир, гуруҳи "Pamiri Youth Network"-и шумо аз чӣ касоне иборат аст?

Беназир Мизробова: Дар гуруҳи мо 8 духтар аст. Гулзор Гулмамадова, ки ҳоло дар Лондан аст ва дараҷаи магистри худро дар бахши муҳоҷирати ҷаҳон аз Донишгоҳи коллеҷи Лондон (UCL) мегирад, Дилрабо Хуҷаназар, муҳассили давраи магистрии Институти тадқиқоти исмоилии Лондон, Зарина Мамадбекова, ки дар Канада зиндагӣ мекунад ва муҳассили Донишгоҳи Торонто (UofT) аст, Нилуфар Миразиз муҳассили давраи магистрӣ дар бахши ҷомеаҳои мусулмонӣ ва тамаддунҳо аз рӯйи барномаҳои STEP (барномаи таълим барои мактабҳои миёна) дар Институти тадқиқоти исмоилии Лондон, Румия Исматова LLM-ро дар бахши ҳуқуқи бонк ва молия дар Сити, дар Донишгоҳи Лондан меомӯзад, Сабриниссо Валдош муҳассили давраи магистрӣ дар Лондон, дар Институти омӯзишҳои тамаддунҳои мусулмонии Донишгоҳи Оқохон ва Гулрӯ Азатшоева, ки муҳассили давраи магистрӣ дар ҳамин Донишгоҳ дар Лондон аст.

Радиои Озоди: Чӣ чизе Шуморо барои ҷамъоварии маблағ ангеза дод?

Беназир Мизробова.
Беназир Мизробова.


Беназир Мизробова: Ин тарҳи дувумини мост, ки комилан илҳомгирифта аз ишқу алоқаи ҳамватанонамон ҳангоми тарҳи нахустинамон аст. Тарҳи нахустини мо комилан тасодуфӣ рӯйи кор омад. Гуруҳи мо дар вотсап чат дошт, ки он ҷо бо ҳам гуфтугӯ мекардем ва ба истилоҳ "масъалаҳои муҳим"-ро ҳал мекардем. Чи тавре шуд, ки Гулзору Румия сарнавишти як хонаводаи муҳоҷири тоҷик дар Маскавро дар гуруҳ ба иштирок гузоштанд, ки модари ҷавон ба далели набудани маблағ маҷбур буд барои кудаки яксолааш каша (фирнӣ)-ро дар об бипазад. Аз он ҷо ки ӯ бо шавҳараш муҳоҷир буданд ва дар давраи карантин аз кор маҳрум шуда буданд ва дастрасие ба кадом як имтиёзҳои давлатӣ надоштанд.

Ин ҳодиса бисёр ғамангез буд ва тасмим гирифтем, ки пул ҷамъ кунем ва ба Маскав бифиристем. Вале фаҳмидем, ки ин пул қатрае аз баҳр будааст. Баъдан Зарина -- яке аз аъзои гуруҳи мо пешниҳод кард, ки корзори хайриявиро тавассути пойгоҳи "GoFundMe" роҳандозӣ кунем ва ба ин тартиб пули бештар ҷамъ кунем. Ҳама якдилона ӯро ҷонибдорӣ кардем ва мо рӯйи ин пешниҳод кор кардем. Дар натиҷа муваффақияте ҳосил шуд, ки аз интизороти мо берун буд.

Радио Озоди: Амалан ин ҳама чӣ гуна сурат гирифт?

Беназир Мизробова: Нахуст мо иқдоми худро дар "GoFundMe" ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва имейлҳо ҳамроҳ бо ҳамаи дӯстон ва ошноён гузоштем. Онҳо дар навбати худ бо дӯстонашон ва ҳамин тавр як ҳалқа шуд. Бо гузашти чанд вақт ба хотири он, ки мо раванди ҷамъоварии маблағро суръат бибахшем ва иқдомро таблиғи бештар кунем, мо #345challenge-ро роҳ андохтем. Моҳияти ин дар он аст, ки ҳар касе, ки эстафетаро пазируфтааст, вазифадор буд дӯсташро ишора кунад, як рубоӣ бихонад ва 5 доллар ба муҳоҷирон бо истифода аз пайванди иқдоми мо хайр кунад. Мо мунтазир набудем, ки ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамин гуна як сару садо бармеангезад. Мо аз иштирокчиёни тозаворид бисёр видеоҳои асилу халлоқона дарёфт кардем. Хеле чизҳои мусбат буд ва дар ниҳоят мо 18 ҳазору 1 99 доллари канадаӣ ҷамъ кардем.

Ҳангоми ҷамъоварии маблағ мо ҳамчунин таҳқиқоти мӯшикофонае гузаронидем, то бифаҳмем, ки чӣ касоне ба ёрӣ ниёз доранд ва мо бо кӣ ҳамкорӣ бикунем. Ба ин натиҷа расидем, ки бо Созмони ҷамъиятии минтақавии "НУР" ва гуруҳи иборат аз 10 духтар "Хайру Баракат" ҳамкорӣ мекунем.

Тақрибан чанд рӯз пеш 25 дарсади хайри дарёфтшударо ба духтарони "Хайру Баракат" таҳвил додем. 75 дарсади пулҳои ҷамъовардаро ин ҳафта ба созмони "Нур" дар Маскав мефиристем ва умедворем, ки хеле зуд ёриҳо ба ниёзмандон мерасанд.

Радиои Озоди: Чӣ чизе шуморо таҳрик дод, ки иқдомро давом диҳед ва чаро тасмим гирифтед, ки генератори истеҳсоли оксиген бихаред?

Беназир Мизробова: Тавре ба шумо ҳам маълум аст, вуҷуди COVID-19 дар Тоҷикистон ҳамагӣ нав – 30-юми апрел расман эътироф шуд. Бо доштани беш аз 9 миллион аҳолӣ, маоши миёнаи коргарон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 40 доллари ИМА мебошад. Як бастаи либоси муҳофизатӣ бо шумули дасткашу айнаки муҳофизатӣ барои кормандони тибб ва ҳамчунин барои ёрдамчиёну ризокрон наздик 30 доллар арзиш дорад. Сарфи назар аз ёрии давлат ва ёриҳои расонидаи байналмилалӣ, дар ҳоли ҳозир низоми тандурустӣ ин тавонро надорад, ки мустақилона ин ҳамагириро мудирият идора кунад. Ба ин тартиб, пизишкон дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст, феълан башиддат ба маблағҳои ҷамъшуда вобаста ҳастанд.

То кунун маблағҳо ва ёриҳоии давлатӣ асосан барои таъмини ниёзҳои асосии кормандон дар тамоми қаламрави Тоҷикистон равона шудаанд. Бо ин ҳол, ноҳияҳои дурдасте чун ВМКБ, дар ҳоли ҳозир аз набуди генератори истеҳсолкунандаи оксиген танқисӣ мекашанд. Мувофиқи маълумоти СҶБ, ҳудуди 15 дарсади афроде, ки ба коронавирус сироят ёфтаанд, гирифтори илтиҳоби шуши вазнинанд, ки оҷилан ба оксигендармонӣ ниёз доранд. Беморхонаҳо дар тамоми ВМКБ ва дар навоҳии рустоии ҳамсоя генератори истеҳсолкунандаи оксиген надоранд. Илова бар ин, онҳо имкони хариди ин дастгоҳи гаронарзишро дар ин давраи мушкил надоранд. Ягона василаи овардани оксиген ба ВМКБ бурдани он аз пойтахт аст, ки як раванди тӯлониву хастакунада аст.

Ба ин хотир, мо ин бор тасмим гирифтем, ки консерти хайриявиро бо ҳузури гуруҳи маъруфи "Барака" ташкил кунем. Онҳо фидокорона розӣ шуданд, ки ба мардуми тоҷик ёрӣ расонанд. Маблағҳои ба дастомада барои хариди генератор ва таъмини оксигени муосиру боэътимод барои Маркази тиббии Оқохон дар Хоруғ ва дигар беморхонаҳо дар навоҳии ВМКБ на танҳо дар замони ҳамагирӣ, балки дар оянда низ сарф мешаванд.

Радио Озоди: Консертро кай мегузаронед ва хоҳишмандон чӣ гуна метавонанд ширкат кунанд?

Беназир Мизробова: Дар ҳоли ҳозир мо бо гуруҳи "Барака" замони баргузории консертро баррасӣ дорем. Мо тақрибан рӯйи 10-12-июн, соати 16.00 ба вақти Лондан ҳисоб кардаем. Бояд вақтеро интихоб кард, ки барои ҳамаи аъзои гуруҳ мувофиқ бошад, хусусан барои овозхон Девик, ки кӯдаки хурдсол дорад. Кӯдак аз ҳама асосӣ аст ва мо дар гуруҳ талош мекунем, ки бо ниёзҳои ӯ мувофиқ шавем.

Дар мавриди ширкат дар консерт, аввал мо фикр кардем, ки зум-тамос (zoom) бо фарогирии 500 нафар ташкил кунем ва билетҳоро онлайн бифурӯшем. Аммо аз нигоҳи фаннӣ ин бисёр мушкил аст ва боз тамос ба василаи зум бисёр боварибахш нест. Ҳамчунин мо бар инем, ки ба ин консерт бештар аз 500 нафар алоқа доранд. Аз ин рӯ, гузинаи аз ҳама мувофиқтарро нашр тавассути YouTube медонем. Мо арзиши собити билетҳоро муайян накардаем, ният дорем, ки ба василаи "Фейсбук" ҷазби сармоя (фандрейзинг) кунем. Таҷрибаи пешини ҷазби сармояи мо нишон дод, ки агар пойгоҳҳои ғарбиро истифода кунем, сокинони ИДМ ҳангоми интиқоли маблағ бо як қатор мушкилоте рӯ ба рӯ мешаванд. Барои ҳамин рӯйи ин гузина қарор гирифтем.

Мехостам таъкид кунам, ки барои мо ҳама гуна ёрӣ муҳим аст. Мо маблағҳоро ба хурду бузурги камаҳамияту пураҳамият ҷудо намекунем. Мо бовар дорем, ки бо шарофати инсонҳои хайрхоҳ метавонем маблағи лозимро ҷамъ кунем ва ба сокинони навоҳии дурдасти Тоҷикистон дастрасӣ ба оксигенро осонтар намоем.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG