Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА аз мамнуъ шудани сомонаи "Ахбор" дар Тоҷикистон нигаронӣ кард


Дерлим Ҳезир, намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот, аз қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон барои бастани сомонаи "Ахбор" дар ҳудуди кишвар ҷиддан ибрози нигаронӣ кард.

Вай 29-уми май дар изҳороте гуфт, "аз маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаи хабарии "Ахбор" дар қаламрави Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунам."

Дерлим Ҳезир афзуд, "ба сурати давомдор масдуд кардани сомонаи хабарӣ дар Интернет нақзи ҷиддии озодии баён буда, аз чорчӯби дархости аз сомона бардоштани матлаби мушаххас хеле фаротар меравад. Ёдовар мешавам, ба назар гирифтани асли таносуб ҳангоми қабули ҳар гуна қарори марбут ба озодии матбуот муҳим аст."

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар оғози имсол сомонаи мустақили "Ахбор"-ро, ки қароргоҳаш дар шаҳри Прага аст, ба рӯйхати вебсайтҳои мамнуъ дар кишвар ворид кард.

Мақомот торнаморо ба он айбдор карданд, ки гӯё ба созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифин дар Аврупо, "хидмат мекунад".

Мирзои Салимпур, муассис ва сардабири “Ахбор”, гуфт, сомонаи зери раҳбарии ӯ ба ҳеч созмон ё ниҳоде тааллуқ надорад ва бастанаш "як амали ғайриқонунӣ ва ҳамлаи рӯйирост ба озодии матбуот аст".

Мақомоти Додгоҳи олӣ гуфтанд, қарор дар бораи бастани ин сомонаҳо рӯзи 18-уми феврал содир шуда, аз 19-уми март ба иҷро даромадааст.

Созмонҳои байнулмилалӣ чанд сол боз Тоҷикистонро ба саркӯби дигарандешон ва маҳдудияти озодии баён танқид мекунанд.

Сомонаи "Ахбор" моҳи ноябри соли 2016 дар маркази Ҷумҳурии Чех ба кор оғоз карда, хабарҳои марбут ба Тоҷикистону минтақаро бе парда бозтоб медиҳад. Мирзои Салимпур мегӯяд, дар муддати фаъолияти тақрибан чаҳорсолаи сомона хабару гузоришҳои нашркардаи онҳоро беш аз 20 миллион бор дидаанд. Сомона беш аз ду сол дар Тоҷикистон дастнорас буд.

XS
SM
MD
LG