Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйхати "сиёҳ"-и Бонки Миллӣ нав шуд. Номи 2647 касро ворид кардаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳукумат онҳоро дар робита бо терроризм муттаҳам карда, зери пайгард қарор додааст, дар ҳафт моҳи ахир беш аз 200 нафар афзудааст.

Рӯйхатти "сиёҳ"-и Бонки Миллӣ бори аввал се сол пеш таҳия шуд ва ҳар сол саффи "афроди алоқаманд ба терроризм" дар он бештар мешавад.

Баъзе афроде, ки номи худро дар ин рӯйхатти "сиёҳ" ёфтаанд, бо ин иттиҳом розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, дар як қатор ҷой додани террористон ва мухолифони сиёсӣ "аз рӯйи адолат нест".

Дар феҳрасти наве, ки Бонки Миллӣ рӯзи 27-уми май нашр кард, дар маҷмӯъ 2647 шаҳрванди Тоҷикистон "шахсони ба терроризм алоқаманд” эътироф шудаанд. Моҳи октябри соли 2019 дар ин феҳраст номи 2392 нафар дарҷ шуда буд.

Ин феҳрастро Департаменти мониторинги молиявии Бонки Миллӣ тартиб медиҳад, ки бо FATF (Financial Action Task Force) – Созмони байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул ҳамкорӣ дорад.

Феҳрасти созмонёфтаи "шахсони алоқаманд бо терроризм" ба созмонҳои молиявӣ ва ташкилоти қарзии кишварҳои узви ин созмон дастрас хоҳад буд.

Дар феҳрасти афроде, ки сохторҳои интизомии Тоҷикистон онҳоро дар экстремизм муттаҳам мекунанд, чандин фаъоли мухолифи ҳукумат ҳам ҳастанд. Дар миёни онҳо, аъзои созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” ва ҲНИТ мебошанд, ки дар озодӣ ва дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Дар кул ашхосе, ки Бонки Миллӣ онҳоро “афроди алоқаманд ба терроризм” медонанд, мегӯянд, барояшон то ҳол муаммо аст, ки чаро мақомоти тоҷик онҳоро дар терроризм ва ифротгароӣ муттаҳам мекунанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи онҳо, бештар ба фаъолиятҳои сиёсӣ машғуланд.

Дар ҳамин ҳол, феҳрасти шахсони ҳуқуқӣ ва ё созмонҳое, ки бо терроризм алоқаманд ҳастанд, низ нав шудааст. Дар ин феҳраст, номи даҳ созмони дар Тоҷикистон мамнӯъ зикр шудааст. Ба фарқ аз рӯйхатти пешина ин бор номи “Паймони миллии Тоҷикистон” – эътилофи созмонҳои мухолифин дар хориҷа илова шудааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2019 "Паймони Миллии Тоҷикистон", эътилофи ниҳодҳои мухолифи давлатро дар хориҷа созмони ифротгаро ва террористӣ эълон кардааст. Аъзои эътилоф ҳалномаро беасос хонданд.

XS
SM
MD
LG